расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти марди солхӯрдаи душанбегӣ ва навраси шаҳринавӣ аз рӯйи далелҳои кордкашӣ

. / Ҳаводис

Боздошти марди солхӯрдаи душанбегӣ ва навраси шаҳринавӣ аз рӯйи далелҳои кордкашӣ

Дар Шаҳринав як наврас ва дар Душанбе қаровули 66-сола захм бардоштанд.

Кормандони милитсия ду далели истифода аз кордро дар муноқишаҳо байни шаҳрвандон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе ошкор намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  сокини деҳаи Сабои ноҳияи Шаҳринав ба милитсияи  маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шоми 19 декабр як шахси номаълум ба писари 17-солааш бо корд ҳамла ва ӯро захмӣ кардааст.

Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷинояти барқасдона навраси 16-солаи сокини ҳамин деҳа боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ба гумони даст доштан дар расонидаи зарари вазнин ба саломатӣ сокини 62-солаи қаблан маҳкумшудаи пойтахт боздошт шудааст. Гумонбаршуда 20 декабр дар ҳолати мастӣ бо қаровули 66-солаи таваққуфгоҳи мошинҳо ҷанҷол карда, бо корд ба қафаси синааш зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далелҳои дар боло зикршуда тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.