расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сафири Қатар: мо ҷаҳониёнро дар Ҷоми Ҷаҳонии Футболи 2022 шигифтзада хоҳем кард

. / Сиёсат

Сафири Қатар: мо ҷаҳониёнро дар Ҷоми Ҷаҳонии Футболи 2022 шигифтзада хоҳем кард

Паёми табрикии Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло ба муносибати Рӯзи Миллии Давлати Қатар

Сафири Қатар ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Сурат: Сафорати Қатар дар Тоҷикистон
Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло зимни як паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Миллии Давлати Қатар гуфтааст, ки кишвараш дар Ҷоми Ҷаҳони Футбол дар соли 2022, ки кшвараш мизбони ин сабқати бузурги ҷаҳонии варзиш аст, ҷаҳониёнро шигифтзада хоҳем кард.
Дар паёми табрикии худ Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло, ки сафаорти ин кишвар дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор дод, таҳримҳои кишварҳояи ҳамсоя дар баробари Қатарро "золимона, сахт ва туҳмат" номидааст.
"Чунончи иттилоъ доред чор сол аст, ки Давлати Қатар мавриди таҳримҳои золимона, сохта бо туҳмат аз тарафи ҳамсоягон ва бародарон қарор гирифтааст. Ватани азизам – Қатар дар бархурд бо ин таҳримҳои ноодилона, сиёсати хештандорӣ ва миёнаравиро бо таваҷҷӯҳ ба гуфтугў дар ҳалли буҳронҳо пеш гирифтааст. Ин сиёсат ба хотири эҳтироми арзишҳо ва урфу одатҳои миллии хеш мебошад, то равобити бародарӣ байни мардумони ҳавзаи Халиҷ барқарор бимонад. Дар натиҷаи ин сиёсатҳо, Давлати Қатар бо ин рафтораш сазовори эҳтиром ва таҳсини ҷаҳониён гашт".
Сафир таъкид кардааст, ки Давлати Қатар дар тамоми маҳфилҳои байналмилалӣ такрор ба такрор эълом медорад, ки агар мушкилоте вуҷуд дорад, роҳи ягонаи ҳалли он нишастан атрофи мизи музокира ва бе рахна ба шаъну шарафи Давлати Қатар ва раҳбарияти олии он мебошад".
Акс аз Сафорати Қатар дар Тоҷикистон
Матни комили паёми табрикии Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло:
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Хонумҳо ва Ҷанобон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Иҷозат диҳед дар оғоз аз ҳамаи шумо изҳори сипос кунам,  мехостем Рӯзи Миллии Далвати Қатарро якҷоя таҷлил кунем, вале ба сабаби  пандемияи коронавирус имконпазир нашуд. Инчунин ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки дар масири пешрафту тамаддун моро ҳамроҳӣ менамоянд. Аз Худованд таманнои онро дорам, ки рўзгори мову шуморо саршор аз шодиву фараҳ ва моломол аз  дастовардҳо гардонад.
Ҳамчунин мехоҳам изҳори сипос ба ҳукумат, роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ба хусус Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҳамешагӣ ва кӯмакҳояш дар ростои адои вазифаамон ҳамчун Сафорати Давлати Қатар дар Тоҷикистон изҳори сипос намоям.
Рӯзи миллии Давлати Қатарро имрӯз дар ҳоле ҷашн мегирем, ки аз рушду шукуфоӣ ва дастовардҳои Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ таҳти роҳбари хирадмандонааш ва дар раъси он Аълоҳазрат Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Амири Давлати Қатар (Худованд ӯро ҳифз кунад) ифтихор дорем.
Тардиде нест, ки  солгарди рӯзи миллӣ як истгоҳи муҳим ва як даричаест, ки аз он метавон ба баъзе аз дастовардҳои фаровони Давлати Қатар, ки сол то сол ва дар тамоми гӯшаву қаламрави он дар ҳоли афзоиш аст, назар андохт. Муҳимтарини ин дастовардҳо баргузории бозиҳои Қаҳрамонии Ҷаҳонии дар зурозмоӣ, навбати 17-ум дар соли 2019 бо мизбонии Қатар мебошад, ки дар варзишгоҳи байналмилалии Халифа (воқеъ дар шаҳри Давҳа) баргузор гашт. Давлати Қатар тамоми иштирокчиёни ин чорабиниро бо хидматрасониҳои сатҳи баланди худ аз ҷумла варзишгоҳҳо, маросимҳои ифтитоҳ ва поёнёбии ин чорабинӣ шигифтзада намуд.
Дастоварди муҳимми дигар ин баранда шудани Давлати Қатар дар мизбонии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2022 мебошад. Бешак ин пирўзӣ аз мо ҷаҳду талоши зиёди пай дар пайро талаб мекунад, то ба натиҷаҳои дилхоҳ расида тавонем.
Бо итмиънон метавонам гўям, ки – ба хости илоҳӣ – мо ҷаҳониёнро дар омодагӣ, созмондиҳӣ, хидматрасонӣ ва амалишавии ин ҷашнвора шигифтзада хоҳем кард. Ва Худо хоҳад ин дастовард барои тамоми кишварҳои арабию исломӣ боиси ифтихор мешавад.
Вале бузургтарин дастоварде, ки барои Давлати Қатар хеле муҳим аст, ин гузоштани нақшаи  дарозмӯҳлате бо номи "Дурнамои миллии Давлати Қатар 2030" мебошад. Ҳадафи асосии ин дурнамо то соли 2030 табдил додани Давлати Қатар ба як кишвари пешрафта ва мутараққӣ мебошад, ки қобилияти рушди устувор ва таъмини зиндагии осоишта барои мардумонашро дар солҳои оянда дошта бошад. Ин дурнамо бар чаҳор унсури асосӣ такя мекунад:
Рушди тавонмандиҳои башарӣ,
Рушди иҷтимоӣ
Рушди иқтисодӣ
Рушди муҳити зист
Дар партави ин дурнамо, суханронии Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар ба муносибати кушодашавии иҷлосияи 49-уми Маҷлиси Шӯро дар соли ҷорӣ садо дод, ки чунин фармуданд:
“Бо дарназардошти дурнамои дарозмуддати худ дар бораи ояндаи кишварамон ва ба нақша гирифтани он, мо тавонистем тайи чанд соли охир монеаҳо ва мушкилоти рушдро аз сар гузаронем ва дар натиҷа мувофиқи таҳқиқоте, ки агентиҳои байналмилалии рейтингӣ барои соли 2020 милодӣ гузаронидаанд, Давлати Қатар рейтинги худро нигоҳ дошт”.
Ҳамин тариқ, ин муассисаҳо бо як овоз рейтинги Давлати Қатарро таъйид ва ҳамзамон дурнамои мӯътадили иқтисоди онро тасдиқ намуданд.
Ин таҳқиқот, ба иқтидори иқтисоди Қатар ва қобилияти он дар бӯҳронҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии пандемия (вируси Корона Ковид-19), новобаста аз таҳримот, устуворӣ ва ҳатто ба афзоиши он, далолат мекунад.
Аммо, ин набояд моро ба хушӣ ва қаноатмандӣ водор созад, зеро мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои ояндаи дарозмуддат, мушкилоти бузурге дар пеш дорем.

Ҳамзамон Аълоҳазрат Амири Давлати Қатар дар суханронии худ таъкид намуданд, ки омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Шӯро ба анҷом расидааст ва фармуд: “Интихобот моҳи октябри соли оянда баргузор хоҳад шуд ва ҳамин тавр мо дар таҳкими анъанаи шӯрои қатарӣ ва рушди раванди қонунгузорӣ бо иштироки васеътари шаҳрвандон, қадами муҳимро мегузорем”. Аълоҳазрат илова намуданд, ки: “Интихобот меъёри ҳувияти миллӣ нест, зеро шахсияти Қатар бо мурури замон дар шакли беҳтарин, ҳамбастагӣ, ваҳдати ҷомеаи худ ва муҳаббати он ба кишвараш чигунае, ки он дар мубориза бар таҳримот зоҳир гашт, инкишоф ёфтааст”.
Барои ҳама пӯшида нест, ки Давлати Қатар узви фаъоли маҳофил ва форумҳои байналмилалӣ буда, ба таври мусбат дар ҳалли мушкилоти Ҷаҳони араб, Олами ислом ва Ҷомеаи байналмилалӣ саҳмгузор аст.
Давлати Қатар дар мубориза бо терроризм дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ саҳми босазое дорад.
Охирин ин талошҳо ва кӯмакҳо, миёнаравии Давлати Қатар барои бастани созишнома байни Амрико ва ҷунбиши Толибони Афғонистон барои қатъи ҷанг дар Афғонистон мебошад.
Давлати Қатар дар кӯмак ба кишварҳои ҷаҳон ва халқҳои гуногуни онҳо дар муқобили пандемияи Корона, ки имсол ҷаҳонро фаро гирифтааст, саҳм дошта, нақши муҳим мебозад, зеро ба бисёр кишварҳо тавассути фиристодани беморхонаҳои сайёр ва лавозимоти тиббӣ, кӯмаки моддиву техникӣ расонида ғайр аз он барои пешгирии офатҳои табиӣ, ки дар як қатор кишварҳои Африқо ва Осиё рух медиҳанд, кӯмаки башардӯстона расонидааст.
Ман инчунин кӯшишҳои Давлати Қатарро барои барқарор намудани оромиши иҷтимоӣ дар дохили кишварҳо ёдовар мешавам. Давлати Қатар дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори Созмони Милали Муттаҳид ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон муассисаҳои омӯзиширо дар зиндонҳо таъсис дод, то маҳбусон пас аз озод шуданашон дар ҷомеаҳояшон нақши мусбат дошта бошанд ва имсол мо як маркази техникиро барои омӯзиш ва барқароркунии маҳбусон кушодем.
Аз ин лиҳоз ва ба хосту кӯмаки илоҳӣ ҳеҷ чиз Қатарро аз саъйу талошҳояш дар амалигардонии барномаҳои хеш боз дошта наметавонад. Чӣ ин барномаҳо дар соҳаи рушди сиёсатҳои дохилӣ бошад ва чӣ дар соҳаи сиёсатҳои хориҷӣ ва робитаҳои ҳамкорӣ, ки онро бо дигар кишварҳои дўст мепайвандад.
Имрӯз мо Ҷашни Рӯзи Милли Давлати Қатарро таҷлил мекунем ва чунончи иттилоъ доред чор сол аст, ки Давлати Қатар мавриди таҳримҳои золимона, сохта бо туҳмат аз тарафи ҳамсоягон ва бародарон қарор гирифтааст. Ватани азизам – Қатар дар бархурд бо ин таҳримҳои ноодилона, сиёсати хештандорӣ ва миёнаравиро бо таваҷҷӯҳ ба гуфтугў дар ҳалли буҳронҳо пеш гирифтааст. Ин сиёсат ба хотири эҳтироми арзишҳо ва урфу одатҳои миллии хеш мебошад, то равобити бародарӣ байни мардумони ҳавзаи Халиҷ барқарор бимонад. Дар натиҷаи ин сиёсатҳо, Давлати Қатар бо ин рафтораш сазовори эҳтиром ва таҳсини ҷаҳониён гашт.
Бо вуҷуди таҳримҳои таҳмилшуда бар мо, Давлати Қатар дар тамоми маҳфилҳои байналмилалӣ такрор ба такрор эълом медорад, ки агар мушкилоте вуҷуд дорад, роҳи ягонаи ҳалли он нишастан атрофи мизи музокира ва бе рахна ба шаъну шарафи Давлати Қатар ва раҳбарияти олии он мебошад. Зеро шаъну шарафи он ва раҳбарияти олии он аз тамоми эътиборҳо боло меистад. Ва дар ин масъала аксари кишварҳои Ҷаҳон Давлати Қатарро таъйид намуданд.
Дар фарҷом, мо саъй менамоем, ки муносибатҳои Қатар ва Тоҷикистон дар сатҳи муътадил ва пайваста рушд ёбанд ва дар тамоми соҳаҳое, ки мақоми ин ду кишвари дӯстро баланд мебардорад, ҳамкорӣ намоем. Аз ин рӯ, дар ин рӯзҳо интизор меравад, ки ҷаласаи чоруми кумитаи муштараки иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ байни ҳукумати Давлати Қатар ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад, ки ин як такони дигар барои рушди муносибатҳои кишварҳоямон ҳисобида мешавад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.