расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Қатар бори нахуст дар таърихаш интихоботи порлумонӣ баргузор мекунад Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/world/20201217/atar-bori-nahust-dar-tarihash-intihoboti-porlumon-barguzor-mekunad

. / Ҷаҳон

Қатар бори нахуст дар таърихаш интихоботи порлумонӣ баргузор мекунад Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/world/20201217/atar-bori-nahust-dar-tarihash-intihoboti-porlumon-barguzor-mekunad

Ҳоло аъзои Маҷлиси шӯроии ин кишвар таъинотӣ мебошанд ва аз сӯйи Амири ин кишвар баргузида мешаванд.

Нахустин варзишгоҳи бунёдшуда барои Ҷоми ҷаҳони футбол-2022/Ал-Вақра
Сурат: Cафорати Қатар дар Тоҷикистон
Таҷлили “Рӯзи Миллӣ” дар  Қатар дар ҳоле фаро мерасад, ки ин давлати арабӣ тасмим гирифтааст, барои бори нахуст дар таърихаш интихоботи парлумонӣ ва  ё “ Маҷлиси Шӯро” баргузор кунад.
Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар санаи 3 ноябри соли 2020 дар нишасти ифтитоҳии даъвати 49-уми Шӯро зимни суханронияш эълон кард, ки нахустин интихоботи Маҷлиси Шӯро дар моҳи октябри соли 2021 баргузор хоҳад шуд.
Ҳамингуна, Маҷлиси Шӯро ё парлумони Қатар аз парлумони таъйинотӣ ба парлумони интихоботӣ мегузарад ва вакилони маҷлис ҳар 4 сол аз тарафи мардум интихоб хоҳанд шуд.
То ин замон Маҷлиси Шӯрои ин кишвар 35 курсӣ дорад, ки намояндагони онро амири ин кишвар таъин мекунад. 
Қобили ёдоварист, ки аксари кишварҳои олам аз ин иқдоми Давлати Қатар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар саъйу талошҳои Қатар дар ростои демократия донистаанд.
Бояд гуфт, ки Қатар ҳамасола 18-уми декабр аз Рӯзи Миллии хеш таҷлил мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.