ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЁМАШ ҲИЗБИ НАҲЗАТРО “ХОИНОНИ МИЛЛАТ” ВА ГУНАҲКОРИ АСОСИИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ НОМИД (ВИДЕО)

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЁМАШ ҲИЗБИ НАҲЗАТРО “ХОИНОНИ МИЛЛАТ” ВА ГУНАҲКОРИ АСОСИИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ НОМИД (ВИДЕО)

  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Рӯзи ваҳдат ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро "ҷанги таҳмилӣ” номид ва гуфт, ки он "бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод” ва боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар шуд. Эмомалӣ Раҳмон чанд дафъа ҳизби наҳзатро "хоинони миллат” ном бурд ва гуфт, "Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем. Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст.”

Аммо мунтақидон ва мухолифон мегӯянд, ки ҷониби ҳукумат ҳама меваҳои сулҳро барои худ "монополия” карда, дар ҷанги шаҳрвандӣ ба сурати якҷониба фақат ҷониби дигар ва бахусус ҲНИТ-ро гунаҳкор мекунад. Ин дар ҳолест, ки бино ба ҳисобҳо, тақрибан 90 дарсади қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон на дар ҷабҳаи ҷанг, балки дар амалиётҳои "поккорӣ” ("очистка”) қатли ом шудаанд. Ин "очистка”-ҳоро дар манотиқи тасарруфкардаашон асосан ҷангиёни Фронти халқӣ анҷом медоданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон