“ДУЗД”, “ГУМ ШАВ!” – ВАРАҚАҲО БО ТАЛАБИ ИСТЕЪФОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БЕРДИМУҲАММАДОВ (ВИДЕО)

“ДУЗД”, “ГУМ ШАВ!” – ВАРАҚАҲО БО ТАЛАБИ ИСТЕЪФОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН БЕРДИМУҲАММАДОВ (ВИДЕО)

 Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон ва дигар шаҳрҳои он кишвар варақаҳои зиддиҳукуматӣ бо акси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва навиштаҳое, чун «Güm bol!» ("Гум шав!") ва "Ogry" ("Дузд") пайдо шуданд. Гуруҳи ташаббускори паҳн кардани ин варақаҳо дар як изҳорот гуфтааст, ки ҷони мардум аз ин ҳокими худкома ба лаб омад. Ин варақаҳо дар рӯзҳое пайдо шуданд, ки роҳбари Туркманистон 63-солагиашро ҷашн мегирад. 63-солагӣ дар байни мусулмонон ҳамчун синни Паёмбар Муҳаммад (с) як синни вижа ба ҳисоб меравад ва Бердимуҳаммадов маҳз ба далели таҷлили мавлудаш аз сафар ба Маскав барои иштирок дар ҷашни 75-солагии ғалаба худдорӣ кард. Бердимуҳаммадов аз соли 2007 бар Туркманистон, як кишвари саршор аз манобеи газу нафти Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекунад. Вале бо вуҷуди захираҳои фаровони нафту газ мардуми Туркманистон аз сатҳи пасти зиндагии худ шикоят мекунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон