расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “Барқи тоҷик”: баъди 5 рӯз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мунтазам бо барқ таъмин хоҳанд шуд

. / Ҷомеа

“Барқи тоҷик”: баъди 5 рӯз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мунтазам бо барқ таъмин хоҳанд шуд

Дар ҳамин ҳол, ҷорӣ шудани лимимти истифодаи барқро дар кишвар қотеъона рад карда, дар ҳамааш пандемияро айбдор медонанд.

Пас аз нисбатан таъмини пурра бо барқ тайи солҳои ахир, сокинони Тоҷикистон боз дар торикиву сардӣ қарор доранд.
Сурат: tajweek.tj
Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон корҳо оид ба ивази таҷҳизот дар шабака ва зеристгоҳҳои барқӣ ба итмом расида, 4-5 рӯзи наздик ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ мунтазам шабонарӯзӣ бо барқ таъмин мешаванд, хабар дод дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ба гуфтаи ӯ, “шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ мафҳуми ҷорӣ шудани истифодаи маҳдуди барқ (лимит) умуман вуҷуд надорад”.
Дар робита ба масъалаи тӯл кашидани корҳо оид ба ивази таҷҳизот дар шабакаҳои барқии кӯҳнаву фарсуда, Ёдгорӣ изҳор намуд, ки бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари дунё, интиқоли қисмҳои эҳтиётии зарурӣ барои таъмири иншооти энергетикӣ аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон мушкил шуд.
“Маҳз бо ҳамин сабаб имсол корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳо ва зеристигоҳҳои барқӣ аввали тобистон ва аввали тирамоҳ ба охир нарасида, то оғози зимистон тӯл кашиданд”, - таъкид дошт сухангӯи ширкат.
Овозаҳоро миёни ҷомеа дар бораи он, ки бо вуҷуди камбуди барқ барои таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ, содироти он ба Ӯзбекистону Афғонистон идома меёбад, ӯ қотеъона рад намуд.
“Содироти барқ танҳо дар давраи тобистон сурат мегирад, лекин на зимистон. Имсол бо сабаби камобӣ, ҳанӯз тобистон содироти барқ ба Ӯзбекистону Афғонистон қатъ шуд, то ки дар обанбори Норак об захира шавад ва дар ин бора ҳатто муроҷиати ҳукумат ба аҳолӣ дар бораи истифодаи сарфакоронаи барқ нашр шуда буд", - илова кард ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.