расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аз артиш ба “Кӯктош”: Қиссаи “облава” ва ба аскарӣ бурдани як ҷавони ҷунунӣ

Ҷомеа / Ҳаводис

Аз артиш ба “Кӯктош”: Қиссаи “облава” ва ба аскарӣ бурдани як ҷавони ҷунунӣ

Ҷасурбек Исломов, сокини 22-солаи деҳаи Моғиёни Панҷакентро рӯзи 22 октябр дар кӯча ҳангоми “облава” боздошт карда, ба хидмати аскарӣ фиристодаанд. Ҷӯрақул Исломов, падари Ҷасурбек мегӯяд, писараш бемории рӯҳӣ ва ҳамчунин бемории сил дошт  ва ҳамагӣ баъди 10-12 рӯзи хидмат ӯро дар беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ дар шаҳраки Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд. Аммо мақомоти Панҷакент дар рӯйхатти беморони сил ва рӯҳӣ будани Ҷасурбек Исломовро рад мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Маркази солимии руҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент бо имзои худи ҳамин масъулон ба Исломов Ҷасурбек маълумотнома додаастки ин нафар “бо сустақлии дараҷаи миёна ва ихтилои шахсият” дар қайди ин Марказ мебошад

Аз қисми низомӣ ба “Кӯктош”: қиссаи ҷавони ҷунуние, ки “облава” шуд

Муаллиф: Хуршед Фозилов, Asia-Plus
Кормандони коммисариати ҳарбии шаҳри Панҷакентҷавонеро ба хизмати аскарӣ фиристодаандки ҳам дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ва ҳам дар қайди беморхонаи сил қарор доштааст.
Ин ҷавон, ба гуфтаи падараш, айни замон дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ, маъруф ба “Кӯктош” бистарӣ мебошад.
Исломов Ҷӯрақул, падари ин ҷавон мегӯяд, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, писараш Исломов Ҷасурбек Ҷӯрақуловичро, ки соли таваллудаш 24.07.1998 мебошаду зодаву бошандаи деҳаи Моғиёни ҷамоати деҳоти Моғиён аст, дар ҳамин даъвати тирамоҳӣ, санаи 22-юми октябр аз кӯча дошта (облава) ба аскарӣ мефиристанд.
Ба гуфтаи падари сарбоз, бо вуҷуди он, ки писараш дар қайди беморхонаи рӯҳӣ қарор дораду ду маротиба ҳуҷҷатҳои лозимаро ба комиссариат пешниҳод кардааст, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ маълумотномаи беморхонаи мазкурро ба инобат нагирифтаанд.
Падари Ҷасурбек мегӯяд,:
«Ба сардори шӯъбаи 2-юми комиссариати ҳарбӣ Қаҳрамон Исматов ҳуҷҷатҳои писарамро пешниҳод кардем, ки ӯ бемор аст. Аммо ба гумонам ӯ ин ҳуҷҷатҳоро дар байни делои писарам нагузошт.  Писари ман фаҳмишаш суст мебошад ва дар қайди беморхона меистад. Чӣ хел дидаю дониста ӯро ба хизмат буданд, ман ҳайрон. Ҳатто аз мактабе, ки Часурбек таҳсил кард, хислатнома овардам, ки ба писарам хислатномаи хуб надодаанд. Аммо бо ин вуҷуд дар комиссариати ҳарбӣ онро ба инобат нагирифтанд”.
Падари Ҷасурбек дар сӯҳбат ба “Азия-плюс” гуфт, писараш ҳамагӣ 10-12  рӯз дар қисми низомӣ мемонад ва ӯро ба беморхона мебаранд. Яъне бо гузашти беш аз як моҳ, бештари вақти Ҷасурбек дар беморхона гузаштааст.
Аз комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ба василаи “облава” ба хизмат бурдани Ҷасурбек ва бемор будани ӯро рад карданд.
Фирдавс Шарипов, комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент мегӯяд:
 “Наход даъватшаванда дар қайди беморхонаи рӯҳӣ бошаду мо ӯро ба хизмат барем?”.
Норматов Фарҳод, духтури касалиҳои рӯҳӣ, ки ҳамзамон узви комиссияи тиббии даъвати аскарӣ ҳам будааст, дар қайд будани беморе бо ному насаби Исломов Ҷасурбекро рад намуд.
Рад кардани Фарҳод Норматов дар ҳолест, ки соли 2018 Маркази солимии руҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент бо имзои худи ӯ ба Исломов Ҷасурбек маълумотнома додааст, ки ин нафар “бо сустақлии дараҷаи миёна ва ихтилои шахсият” дар қайди ин Марказ мебошад.
Муҳаммадсодир Сафарзода муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент ва раиси комиссияи даъват дар шаҳр, низ бемори равонӣ доштани Ҷасурбекро рад намуда иброз дошт, кӣ мо дар ҳамин даъвати гузашта ягон мушкилот ва проблема надоштем.
Падари ин ҷавон қасд дорад аз ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят барад, то омилони қазияро ба ҷавобгарӣ бикашанд.  Ӯ мегӯяд, ки “кормандони комиссариати ҳарбӣ аз бемор будани Ҷасурбек огоҳ буданд ва дар даъватҳои қаблӣ боре ҳам ба ӯ даъватнома наовардаанд

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.