ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АЗ ДИЛАМ ГУЗАШТ, КИ ИН 17 ДУХТАРАК РАҚС НАДОРАНД, ПРОБЛЕМА ДОРАНД (ВИДЕО)

 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ахираш ба муносибати Иди Модар аз як ҳодисаи ҷолибе дар ноҳияи Рашт қисса кард:

"Вақте ки аз ноҳияи Рашт маро гусел мекарданд дар фурудгоҳ. Дар онҷо садои мусиқӣ рафта истодааст. Бинам, ки аз байн, аз ҳар ҷо духтаракҳо ба рақскунӣ даромаданд. Дар дилам рафт, ки ин духтарҳо рақс накарда истодаанд, ин духтарҳо проблема доранд ва ҳоло ҳатман пешам меоянд. Бубинед, 17 духтар аз байни қариб 100 нафар мардум баромада, рақскунон омада истодаанд. Аз қафо раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия фарёд кашиданд, ки "Ҳу, гардед!” Ман гуфтам ки: "Ором, ором, кор шуд акнун, ором!” Амният дар даводав зад, ки ман гуфтам: "Истед, инҳо маро намекушанд. Инҳо дархост доранд, ҳал мекунем.”

Дар наздикии чархбол расиданд, омаданд, иҳота карданд. Вақте гирд карданд, рақскунон "Ҷаноби олӣ!” мегуфтанду гиря мекарданд. Пурсидам, "барои чӣ гиря мекунӣ, духтарҷон?” Гуфтанд, "хондан мехоҳем”. Гуфт, синфи 8 мехонам. Гуфтамаш, ки ҳоло се соли дигар ҳаст-ку. Он духтар дар ҷавоб гуфт: "О, барои ҳамин охир. Ман дигар аз куҷо мебинам шуморо? Номи маро, гӯед, ки нависанд дар рӯйхатти квота...”

 

<iframe class="flickr-embed-frame" width="500" height="332" frameborder="0" allowfullscreen="allowfullscreen" data-natural-width="499" data-natural-height="332" data-loaded="true" data-mce-fragment="1"></iframe>

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон