Э.Раҳмон аз коронавирус ва ҳангомаи захираи хӯрокворӣ гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханроние бахшида ба Иди Модар, ки ҳар сол 8-уми март таҷлил мешавад, ба масъалаи вируси нави хатарноки COVID-19 ва ҳангомаи захираи орду маҳсулоти дигари хӯрокворӣ дар кишвар дахл кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми март хитоб ба сокинон гуфт: "Ба ҷойи бовар кардан ба ҳар гуна шахсони ҳангоматалаб ва харидории миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокӣ, ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд."

Рӯзи 4-уми март дар пайи овозаҳо дар робита ба эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, сокинон дар минтақаҳои гуногун ба бозорҳо рехтанд ва маводи хӯроквориро ба миқдори зиёд хариданд. Дар пайи ин, нархи маҳсулот, аз ҷумла орд дар бозорҳо боло рафт.

Тоҷирон рӯзи 6-уми март гуфтанд, ки вазъият ба ҳолати пешина баргаштааст.

Ниҳодҳои давлатӣ ба миён омадани чунин вазъро “кори баъзе афроди манфиатдор” номиданд. Аммо бархе аз огоҳон ангушти ишора ба сӯи ниҳодҳои давлатӣ карданд, ки бо роҳандозии чораҳои пешгирӣ аз коронавирус, корҳои фаҳмондадиҳиро бо шеваи дуруст ба роҳ намонданд.

Президенти Тоҷикистон дар идомаи суханрониаш иттилоъ дод, ки дар кишвар марги табиии одамон дар як сол тақрибан 40-45 ҳазор нафар ва дар як моҳ то сеюним ҳазор нафарро ташкил мекунад.

“Ҳар сол дар сайёра то 3-5 миллион нафар гирифтори шаклҳои миёна ва вазнини зуком гардида, аз ин шумора аз 300 ҳазор то 650 ҳазор нафар мефавтанд. Дар кишвари мо сатҳи беморшавӣ бо зуком соли 2018 тақрибан 372 ҳазор ва соли 2019-ум 374 ҳазор нафарро ташкил карда, аз ин шумора дар ду сол 694 нафар фавтидаанд”, -- афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ҳеч мавриди сироят ёфтани одамон ба коронавирус дар кишвар сабт нашудааст. Онҳо мегӯянд, то ин дам якуним ҳазор нафаре, ки аз Чин ва кишварҳои дигар омада буданд, зери назари пизишкон қарор гирифтаанд. Ҳоло беш аз 300 нафари онҳо дар карантин ҳастанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон