расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » БАОР: Лимити барқ намегузорад иқтисоди Тоҷикистон фаъол бошад

. / Иқтисодиёт

БАОР: Лимити барқ намегузорад иқтисоди Тоҷикистон фаъол бошад

Гуфта мешавад, камбуди мунтазами барқ дар партави захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ сурат мегирад.

Сурат: Asia-Plus
Буҳронҳои давра ба давраи энергетикӣ, ки дар маҳдуд кардани истифодаи барқ ифода меёбанд, ба фаъолнокии иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, қайд мешавад дар маълумоти Бонки авруосиёии рушд (БАОР).
Гуфта мешавад, камбуди мунтазами барқ дар партави захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ки ҷумҳурӣ дар ихтиёр дорад, сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аввали мавсими тирамоҳу зимистони соли равон пас аз се соли таъмини муътадил бо барқ, сокинони Тоҷикистон боз ба реҷаи маҳуди интиқоли барқ (лимит) дучор шуданд.
Сарфи назар аз қатъи сартосарии интиқоли барқ дар саросари кишвар ба ҷуз пойтахт, намояндагони ширкати”Барқи тоҷик” мегӯянд, дар ҷумҳурӣ ҳеҷ гуна маҳдудияти истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст.
Ваъи мавҷудаи қатъи интиқоли барқро дар кишвар намояндагони ширкат ба “баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ” нисбат медиҳанд.
Аммо манбаъҳои наздик ба соҳаи гидроэнергетика маҳдудиятро ба сатҳи пасти ҳаҷми захираҳои об дар обанбори неругоҳҳо рабт медиҳанд, зеро тобистон миқдори зарурии об захира нашуда, бо дархости кишварҳои ҳамсоя дар мавсими обёрӣ партобҳои холии об сурат гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони тиҷорати хурду миёна дар минтақаҳо аз қатъи тӯлонии интиқоли барқ шикоят мекунанд, ки бар асари он комилан фаъолият карда натавониста, хисороти зиёд мебинанд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ (527 млрд кВт/соат дар як сол) мебошад, ки ҳамагӣ ҳудуди 5%-аш истифода мешавад.

Тоҷикистон аз нигоҳи имконоти гидроэнергетикӣ пас аз Чину Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада зинаи 8-ум, дар паҳнои пасошӯравӣ (пас аз Русия) - зинаи 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ - зинаи аввалро ишғол мекунад.
Айни замон ҳудуди 95%-и барқ дар ҷумҳурӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Захираҳои асосӣ дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ шудааст.
“Имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон се баробар зиёдтар нисбат ба истифодаи ҳозираи барқ дар ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Дар сурати оқилона истифода бурдани ин захираҳо, минтақа бо энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шуда метавонад”, - илова мекунанд дар Вазорат.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.