"Инна лиллоҳи": Раҳмон даргузашти Ҳуснӣ Муборакро таслият гуфт

"Инна лиллоҳи": Раҳмон даргузашти Ҳуснӣ Муборакро таслият гуфт

 Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии ин ҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам, омадааст дар барқияи раисҷумҳур

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи таслият ирсол намуд, гузориш медиҳад котиботи президент.

"Ҷаноби Олӣ. Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Хуснӣ Муборак боиси андӯҳи амиқи мо  гардид. Муҳаммад Хуснӣ Муборак, ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди Мисрро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори зиёд дошт", - омадааст дар барқияи президент.

Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон нақши Ҳуснӣ Муборакро дар тавсеаи муносиботи Тоҷикистону Миср барҷаста арзёбӣ кардааст.

"Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср қадрдонӣ менамоем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем", - афзудааст дар раисҷумҳур.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии ин ҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам. Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун, гуфтааст дар анҷом вай.

Ёдрас мешавем, Ҳуснӣ Муборак дар 91-солагӣ даргузашт. Ӯ аз маризии саратон ранҷ мебурдааст.



Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20200225/1030773664/Inna-lilloi-Ramon-darguzashti-usn-Muborakro-tasliyat-guft.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон