Фармони Раҳмон барои таъсиси Агентии нави назди президент: 3 моҳ муҳлат ба Ҳукумат

Фармони Раҳмон барои таъсиси Агентии нави назди президент: 3 моҳ муҳлат ба Ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои таъсиси Агентии ҷадиди назди раисиҷумҳур фармон додааст, ки ба назорати соҳаи маориф машғул хоҳад шуд

Бар асоси фармони имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон, Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ташкил хоҳад шуд.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумат се моҳ муҳлат додааст, то оиннома, сохтори марказию маҳаллӣ ва низоми идораи  Агентии навтаъсисро таҳия ва пешниҳод кунад.

Эмомалӣ Раҳмон Агентии навтаъсисро ба феҳрасти ниҳодҳои марказии иҷроия шомил намуда, дастур додааст, ки тағйироти зарурӣ ба қонунгузории кишвар ворид гарданд.

Дар назар аст, ки ниҳоди нав ба иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маориф машғул шавад.



Read more: https://sputnik-tj.com/education/20200221/1030754504/Farmoni-Rahmon-baroi-tasisi-Agentii-navi-nazdi-prezident-3-moh-muhlat-ba-hukumat.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон