Кофтукоби шахсии онҳо ва азназаргузаронии мошину телефонашон манъ: илова ба қонун

Кофтукоби шахсии онҳо ва азназаргузаронии мошину телефонашон манъ: илова ба қонун

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тағйирот ба қонун “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард, ки барои кормандони ин ниҳод дахлнопазирию уҳдадориҳои ҷадидро фароҳам овардааст

Бар асоси тағйироте, ки раисиҷумҳур аввали моҳи равон имзо кард, боздошт, интиқоли маҷбурӣ, кофтукоби шахсӣ ва бозҷӯии амволи корманди Ожонси зидди фасод танҳо дар сурати боздошташ ҳангоми содир кардани ҷиноят иҷозат аст.

Инчунин азназаргузаронии амволи корманди Ожонс, воситаҳои нақлиёт ва воситаҳои алоқааш танҳо дар сурати ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ иҷозат дода шудааст.

Иловаҳои дигар ба қонун дар бораи Ожонси зидди фасод муайян кардаанд, ки  минбаъд корманди ин ниҳод уҳдадор аст, на дар муддати 24 соат, балки тайи 12 соат дар бораи дастгир намудани шахс ба додситон хабар диҳад.

Қаблан хабар дода шуд, ки минбаъд сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳои Дастгоҳи марказии Ожонси мубориза бо коррупсия, раёсатҳои Ожонс дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо розигии раисиҷумҳури Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон аз ҳузури афроди тасодуфӣ дар сафи Ожонси мубориза бо фасод ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти амният, умури дохилӣ ва додситонӣ интиқод карда буд. Раисиҷумҳур гуфт, дар мулоқоти ахираш бо кормандони Ожонси зидди фасод, ки 17 декабр сурат гирифт, бархе аз мақомдорони ин ниҳод баъди маҷлис дар толор аз кор ронда шуданд.

Ӯ таъкид намуд, ки тасодуфиҳо ҳанӯз ҳузур доранд ва барои поксозии сафи мақомот аз чуин афрод дастур дод.  



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200119/1030564016/Koftukobi-shakhsii-onho-va-aznazarguzaronii-moshinu-telefonashon-man-ilova-ba-qonun.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон