расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Маблағгузории Фонди захиравии президент аз буҷет $2 млн зиёд мешавад

Асосӣ / Сиёсат

Маблағгузории Фонди захиравии президент аз буҷет $2 млн зиёд мешавад

Соли 2021 маблағҳои ба ин фонд равонашуда 1,5% аз хароти буҷетро ташкил медиҳад.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Ҳаҷми Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 404 млн сомонӣ (беш аз 38 млн доллар) муқаррар шудааст, ки нисбат ба маблағгузории соли равон ба ин фонд ба андозаи 5,2% зиёдтар мебошад.
Маблағгузории Фонди захиравии президенти кишвар дар соли равон 1,5% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Маблағҳои ин Фонд ба чорабиниҳои гуногуни хайру эҳсонкорӣ ва дигар хароҷот равона мешаванд.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, соли оянда зиёда аз 100 млн сомонӣ маблағи буҷет барои Фонди хароҷоти ғайричашмдошти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо мегардад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2018 ба қонуни Тоҷикистон  “Дар бораи молияи давлатӣ” тағйирот ворид карда шуд, ки дар он таъсиси Фонди Пешвои миллат пешниҳод гардид.
Ҳамасола ба ин Фонд дар ҳаҷми 0,2% аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ маблағ гузаронида мешавад.
Тартиби истифодаи малағҳои Фондро Пешвои миллат, яъне президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.