Боздиди раиси нави Исфара аз ҷамоати наздимарзии Ворух
Раис ваъда дод, ки аз ин ба баъд яке аз рӯзҳои ҳафтаи кории худро дар Ворух мегузаронад.
Сурат: Аксҳо аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри ИсфараИҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 27 ноябр бо сафари корӣ аз ҷамоати наздимарзии Ворух боздид намуда, бо сокинон вохӯрд ва бо ҷараёни сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ аз наздик шинос шуд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби буҷет дар ин ҷамоат сохтмони 5 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба маблағи умумии 30 млн сомонӣ, аз қабили чоҳи амудӣ, мактаби нав барои 720 нафар хонанда дар маҳаллаи Сангтӯда, 8 синфи иловагӣ дар мактаби №23, Кохи фарҳанг ва майдони Парчами давлатӣ идома дорад, ки ба истифода додани онҳо нимаи аввали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ маркази хизматрасониҳои маишӣ, варзишгоҳ бунёд гардида, беморхона ва кӯдакистон, инчунин роҳҳо ва дигар иншоот аз таъмир бароварда мешаванд.
Раиси шаҳр ваъда дод, ки аз ин ба баъд яке аз рӯзҳои ҳафтаи кории худро дар Ворух мегузаронад.