Эмомалӣ Раҳмон: Конститутсия бузургтарин дастоварди мардум

Эмомалӣ Раҳмон: Конститутсия бузургтарин дастоварди мардум

 Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ кард.

Президенти Тоҷикистон 4 ноябр, дар ҷамъомади тантанавӣ дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард ва гуфт, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар маҳсуб мешавад.

 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки қабули Конститутсия ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омада ва ин санади сарнавиштсоз дар ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ ва ба Ватан баргардондани гурезаҳо шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.

 

Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

 

Зимнан, 6 ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъй доданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон