Нигаронии Раҳмон аз маошу марги кормандон дар ҷои кор: 47 нафар фавтиданд

Нигаронии Раҳмон аз маошу марги кормандон дар ҷои кор: 47 нафар фавтиданд

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таъмини маоши муносибро аз вазифаҳои асосии давлат хонда, сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро яке аз масъалаҳои муҳими рӯз гуфт

Ӯ таъкид намуд, ки иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки ҳамкориро бо корфармоён ва корхонаҳое, ки дар онҳо қарздории музди меҳнат ҷой дорад, тақвият бахшида, ҷиҳати кам кардани қарзи музди меҳнат ва дар оянда роҳ надодан ба ин падидаи номатлуб чораҳои дар қонун пешбинишударо амалӣ намоянд.

"Таъмини меҳнати арзанда ва маоши муносиб яке аз вазифаҳои асосии ҳам давлат ва ҳам иттифоқҳои касаба мебошад", - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба мебошанд ва ин корро нозирони дахлдори иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд.

“Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад. Таҳлили вазъ дар ин самт дар ду соли охир нишон медиҳад, ки дар кишвар 196 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух дода, дар натиҷа 47 нафар кормандон фавтидаанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур гуфт, ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд.

“Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад”, - таъкид намуд раисиҷумҳур.
Ӯ афзуд, Иттифоқҳои касаба бояд кӯшиши худро ба он равона намоянд, ки дар ҳар як ташкилоту корхона тибқи талаботи Кодекси меҳнат ва шартномаи коллективӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар ҳаҷми муайянгардида маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.

Read more: https://sputnik-tj.com/society/20191024/1030095108/Nigaronii-Rahmon-az-maoshu-margi-kormandon-dar-joi-kor-47-nafar-favtidand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон