Бо ИМА ва Аврупо беҳтар шавад: Сухангӯй аз муносиботи Раҳмон бо Чин, Русия ва ИМА гуфт

Бо ИМА ва Аврупо беҳтар шавад: Сухангӯй аз муносиботи Раҳмон бо Чин, Русия ва ИМА гуфт

 Сомонаи расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар бораи сиёсати хориҷии кишвар, мавқеъгириҳои Президентро дар мавриди ҳамсояҳо, Чин, Русия, ИМА, Аврупо ва дигар кишварҳоро баён доштааст 

ар мақола, ки аз ҷониби  Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Садриддин Шамсуддинзода, мудири телевизиони “Ҷаҳоннамо” навишта шудааст, дурустии сиёсати “дарҳои боз” таъкид гардидааст.

Муаллифон иттилоъ додаанд, ки Тоҷикистонро чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз аз ҷониби зиёда аз 151 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр ба расмият шинохтааст ва кишвари мо бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

Раисиҷумҳур раводид бо ҳамсояҳоро зарур намедонад

Ба навиштаи Шарифзода ва Шамсуддинзода, Эмомалӣ Раҳмон хостори рафтуомади озоди одамон ва интиқоли бемонеаи молу хизматрасонӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказист.

“Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст”, - иқтибос овардаанд муаллифон аз раисиҷумҳур.

Таъкид шудааст, ки ба муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон таърих, сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ заминаи мустаҳкаму устувор гузоштааст

Чин яке аз шарикони стратегӣ

Муаллифон дар мавриди ҳамсояи дигар - Чин, изҳор доштаанд, ки ин кишвар феълан дар сиёсати ҷаҳонӣ мақом ва нуфузи хоссаро соҳиб аст ва Тоҷикистон муносиботро дар тамоми бахшҳо бо ин кишвар таҳкиму тавсеа бахшидааст.

“Феълан танҳо мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин, ки аз асосгузорони асосии СҲШ дониста мешаванд, аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зиёд буда, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвари мо шомил мебошад. Ширкатҳои зиёди бонуфузи чинӣ дар самтҳои мухталифи кишвари мо фаъолият карда истодаанд ва ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳо дар ҳоли рушду густариш қарор доранд”, - таъкид шудааст дар матлаб.

Таъкиди Президент ба ҳамкории беҳтар бо ИМА ва Аврупо

Ҳамкориҳои гуногунсамти берунии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки дар сиёсату иқтисоди дунёи муосир нуфуз ва нақши бузург доранд, ба таъкиди раисиҷумҳур бояд хубтар ба роҳ монда шаванд.

арифзода ва Шамсуддинзода  иттилоъ додаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки  беҳтару хубтар ба роҳ мондани барномаҳои мавҷудаву таҳияшаванда доир ба ҳамкории судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз вазифаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

“Мо дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо ин кишварҳо ҳамкории босамар доштем ва вусъату тақвият бахшидани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои мост”, - изҳор доштааст раисиҷумҳур.

Муносибот бо Русия: аз манфиатҳои геополитикӣ то пайвандҳои инсонӣ

Котиботи раисиҷумҳур дар мавриди муносибот бо Русия изҳор доштааст, ки дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, дар даврони 28 соли Истиқлолият муносибот бо ин кишвар дар ҳама самтҳо рушду густариш пайдо намудаанд.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Россия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Россия аст ва чунин хоҳад монд.

Илова шудааст, ки феълан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.

Муносибот бо кишварҳои араб

Муаллифони матлабт дар бораи сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон инчунин изҳор доштаанд, ки имрӯз Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои мутараққии олами араб, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар ва мамлакатҳои дигари мусулмон муносибатҳои муфиди дуҷониба ва бисёрҷониба дорад. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир низ тавсеа ва густариш ёфтааст.

Тасмимгирии дастаҷамъӣ бе Тоҷикистон намешавад

Дар маҷмуъ Шарифзода ва Шамсуддинзода таъкид кардаанд, ки ҳифзи муносибатҳои ҳасанаи анъанавӣ, агар аз як ҷониб, афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар, риояи манфиатҳои олии миллӣ дар ниҳояти кор муайянкунанда хоҳад буд. Муаллифон таъкид намудаанд, Тоҷикистон ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намудааст ва акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

Нашри ин мақола дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 29-уми сентябр рӯзи дипломатияи тоҷик таҷлил мегардад.



Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20190930/1029946370/Sukhangui-Prezident-az-munosiboti-Rahmon-bo-hamsoyaho-Chin-Rusiya-Avrupo-IMA-guft.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон