Президент аз интихоботи соли 2020 ва номзадҳо гуфт: арзандаҳо зиёданд-акс

Президент аз интихоботи соли 2020 ва номзадҳо гуфт: арзандаҳо зиёданд-акс

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба интихоботи соли 2020 суҳбат карда, масъалаи пешниҳоди вакилони арзандаро ба миён гузоштааст

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вақти баргузории Анҷумани XIII-и ҲХДТ-ро моҳи декабри соли равон муқаррар карда, масъалаи интихоботи соли 2020-ро аз масоили афзалиятдор хондааст.

“Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ омода бошад”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намудааст, ки мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа муайян аст, вале талош бояд кард, ки ба василаи таъмин кардани ниёзҳо ва талаботи мардум, хусусан фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, ба эътидол овардани нарху наво, фароҳам овардани барқу гармӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба маъракаи интихобот омодагӣ бинем.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти ҷаласа таъкид намудааст, ки “узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад”.

Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20190927/1029939245/Prezident-intikhoboti-soli-2020-nomzadho-guft.html

назари худро нависед
Зачот...класно...

---
это даже без коментариев база ту 160, база том форд цена или сайт база кодов ту
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон