расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Харидории ҳудуди 5 ҳазор акси Шавкат Мирзиёев аз ҷониби шаҳрдории Тошканд

. / Ҷомеа

Харидории ҳудуди 5 ҳазор акси Шавкат Мирзиёев аз ҷониби шаҳрдории Тошканд

Маблағи аксҳо зиёда аз 96 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Сурат: rus.ozodlik.org
Дастгоҳи шаҳрдории Тошканд моҳи майи соли равон бо баргузории озмуне 4965 акси президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба маблағи 999 млн сӯм (зиёда аз $96,4 ҳазор) харидорӣ намудааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи харидҳои давлатӣ дар Узбекистон, таҳиягари аксҳо ширкати Kolorpak эълом шудааст.
Гуфта мешавад, ширкат барои фармоишгар ду навъи акс - 2894 дона акси 59×71- сантиметрӣ (ҳар кадоме 200 ҳазор сӯм ё $19) ва 2071 донаи дигар ба андозаи 49×42 сантиметр (ҳар кадоме 140 ҳазор сӯм ё $13,5) омода мекард.
Бо такя ба маълумоти сомонаи Gazeta.uz қайд мешавад, ки Kolorpak қаблан низ дар озмуни нашри 6 миллион дона китоби дарсии "Тарбия" ва 2 миллион китоби дарсии дигар баранда эълом шуда буд. Ширкати мазкур қарордоди нашри китобҳои дарсиро дувуним моҳ пеш аз оғози соли нави хониш ба даст оварда, созишномаҳо бо нашриётҳои дигар тағйир дода шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Раёсати умури президент ва ҳукумати Қирғизистон ҳам соли 2018 хабар дода буд, ки 800 дона акси расмии президент Соронбой Ҷеенбековро чоп кардааст. Ҳар як акс беш аз ҳафтдолларӣ нашр шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.