расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Натиҷаҳои сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

Асосӣ / Сиёсат

Натиҷаҳои сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

Ин нахустин сафари хориҷӣ ба сифати раиси Маҷлиси миллӣ маҳсуб меёбад.

Рустами Эмомалӣ
Сурат: Аксҳо аз council.gov.ru
Бегоҳии 24 ноябри соли 2020 дар шаҳри Москва мулоқотҳои хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенко, инчунин ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби васеъ доир гардиданд.
Хадамоти матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ёдрас мекунад, ки субҳи рӯи 24 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба пойтахти Федератсияи Россия ташриф оварданд. Боздиди мазкур нахустин сафари хориҷии роҳбари мақомоти болоии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ маҳсуб меёбад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко В.И. миннатдории самимӣ изҳор карда, муҳиммияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.
Зимни музокирот як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардиданд.
Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати кишвар ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр, қайд гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла соддагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «авфи муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои ҳамкориҳои самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ афзалиятнок шумориданд.

Ҳамзамон, ба ҳамкориҳои самти фарҳангию башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Қобили зикр аст, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мегиранд. Зимни мулоқоти ҳамтоён масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба Федератсияи Россия бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи КОВИД-19 барои идомаи машғулиятҳо ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, иброз намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Руси ИМомуддин Сатторов
Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқотҳои имрӯза ба тавсеаи муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такон мебахшад. Тамоили мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, башардӯстӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва дигарҳо ба назар расида,  ба ин пеш аз ҳама муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи сарварони давлатҳо мусоидат менамояд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар таъкид карданд ва изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳаи миёни Тоҷикистону Росссия неруи тоза бахшида, дар навбати худ масъалаҳои бамиёнгузоштаи ҷониби тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи дахлдори Шӯрои Федератсия қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо арзи адаб Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенкоро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.