расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Дар Тоҷикистон аз партов газу бензин истеҳсол карданд

. / Иқтисодиёт

Дар Тоҷикистон аз партов газу бензин истеҳсол карданд

Аз 500 кило боқимондаи ангишт метавон 1 250 метри мукааб газ ва 20 литр бензин истеҳсол кард.

Акси марбута
Сурат: Азия Плюс
Кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноати назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таҷҳизот оид ба коркарди партов аз ангишт ва пластикро таҳия намуданд. Онҳо бо он ҳоло бензин ва сӯзишвории дизелӣ истеҳсол мекунанд. Акнун ин навгониро дар сатҳи саноатӣ амалӣ сохтан зарур буда, пас аз 9 моҳ метавон аз он фоида ба даст овард.
Тавре ба Азия-Плюс” директори Пажуҳишгоҳ Маъруф Баҳромов хабар дод, таҷҳизот ба истеҳсоли бензину газ, сӯзишвории дизелӣ, кокс, оҳан, коагулянт ва нуриҳо имкон медиҳад.
Алҳол маҳсулот талаботи худи пажуҳишгоҳро қонеъ месозад. Барои татбиқи лоиҳа дар миқёси саноатӣ дастгирии давлат ва тиҷорати бузург зарур аст.
Ба гуфтаи корманди илмии Пажуҳишгоҳ Алишер Қаюмов, дар лоиҳа коркарди партовҳо аз ангишт ва пластик пешбинӣ шудааст.
“Барои ихтирои технологияи гирифтани сӯзишвории синтетикӣ ва партовҳои полимерӣ бо иловаи ангишт патент дастрас кардем”, - қайд кард ӯ.
Дигар корманди Пажуҳишгоҳ Ардашер Шерзодов, ки лоиҳаро муаррифӣ намуд, дар бораи афзалиятҳои технологияи мазкур чунин изҳори назар кард:
“Ин технологияи нав набуда, кайҳо инҷониб дар кишварҳои пешрафта истифода мешавад. Дар Тоҷикистон бошад, он комилан нав аст. Бо назардошти айни замон зиёд шудани ҳаҷми партовҳо аз пластик ва боқимондаҳои ангишт, технологияи аз ҷониби мо таҳияшуда барои тозагии экология нафъи зиёд дошта, барои касоне, ки коркарди ашёи хоми дуюмдараҷаро дар миқёси саноатӣ ба роҳ мемонанд, фоидаи зиёд меорад”.

Дар байни таҳиягарони технология номҳои академик Улмас Мирсаидов ва корманди илмӣ Аслиддин Шоназаров низ зикр мешаванд.
Ба гуфтаи онҳо, аз 500 кило боқимондаи ангишт бо иловаи як миқдор маводи кимиёвӣ метавон 1 250 метри мукааб газ, 20 литр бензин, 10 литр сӯзишвории дизелӣ, 350 кило кокс, 60 кило оҳан ва 150 кило нуриҳо барои истифода дар бахши кишоварзӣ истеҳсол намуд.
Кори технология чунин аст, ки ҳангоми коркарди ангишт ё партов аз пластик аввал газ, сипас бензин ва баъдан сӯзишвории дизелӣ ҷудо мешавад. Бо амиқтар кардани коркард метавон дигар маҳсулот, масалан кокс, оҳан, нуриҳо ва коагулянтҳои гуногун низ истеҳсол кард. Ба ин тариқ, коркарди ашёи хоми дуюмдараҷа комилан бидуни партов, аз лиҳози экологӣ тоза ва истеҳсолоти даромаднок мешавад.
Тибқи ҳисобу китоби Пажуҳишгоҳи саноат, хароҷот ба коркарди 500 кило ангишт бо назардошти истифодаи барқ 1 650 сомониро ташкил медиҳад.
Даромад бошад, дар силсилаи пурраи истеҳсоли маҳсулот аз газ то нуриҳо 8 560 сомониро ташкил дода метавонад.
Харидории таҷҳизот барои як бор 370 ҳазор сомонӣ аст. Бо роҳандозии истеҳсолот 8 маротиба дар як моҳ бо назардошти музди меҳнат, таҷҳизот ҳамагӣ дар зарфи 9 моҳ хароҷоти сарфшударо мебарорад.
Тавре дар Пажуҳишгоҳ қайд карданд, онҳо нақшаи тиҷоратии истеҳсолотро дар миқёси саноатӣ ба маблағи 1 млн 250 ҳазор сомонӣ таҳия кардаанд.
Зимнан зикр шуд, ки аз рӯйи ин технология метавон партовҳо аз резин, масалан резини чархҳои автомашинаҳоро мавриди коркард қарор дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.