Президент: Ҳаҷ барои афроди доро фарз аст

Президент: Ҳаҷ барои афроди доро фарз аст

 Президенти Тоҷикистон гуфт, ки қурбонӣ кардан ва ба ҷо овардани маносики ҳаҷ танҳо ба онҳое фарз аст, ки имконияти васеи моддӣ доранд, яъне зиндагиашон аз ҳар ҷиҳат таъмин ва бе мушкилот мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 7 август  дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ховалинг суханронӣ кард, гуфт: “Қурбонӣ кардан ба касоне, ки шароити дурусти зиндагӣ надоранд, шарт нест. Баръакс, онҳое, ки дорои имконияти васеи моддиву молӣ мебошанд, бояд як қисми гӯшти қурбоникардаи худ ва дигар садақаву хайроти худро ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат диҳанд”.

Вай таъкид кард, онҳое, ки  ба ҳаҷ мераванд, бояд соҳиби манзили истиқоматии обод бо шароити зарурии зист барои худ ва аъзои хонадон бошанд ва дар давраи сафари ҳаҷҷи онҳо аҳли аёлашон аз лиҳози таъминот азият накашанд.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури кишвар аз сокинон даъват кард, ки ҳангоми баргузории ид ва оростани дастурхони идона бояд аҳкоми шариат дар хусуси зиёни исрофкорӣ риоя шавад ва фармудаи Қуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набароранд.

“Фаромӯш набояд кард, ки таърихи пайдоиш ва номи иди Қурбон маънои дастурхони пурдабдаба оростан ва ба тӯю зиёфатхӯрӣ табдил додани ин иди сирф диниро надорад”-афзуд Президент.

Зимнан, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ Иди Қурбон ё Ид-ал-Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11-уми август таҷлил хоҳад шуд.

Дар ин қарор омадааст, ки намози ид дар масҷидҳои ҷомеаи Тоҷикистон соати 6.30-и вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон