расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДИЛНОЗА КАРИМОВА: БАРОИ ФАРЗАНДАМ ТО ҲОЛ МЕСӮЗАМ!

. / Ҷомеа

ДИЛНОЗА КАРИМОВА: БАРОИ ФАРЗАНДАМ ТО ҲОЛ МЕСӮЗАМ!

Дилноза Каримова, овозхони 38-солаи тоҷик дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев аз таваллуди тифли нав, издивоҷи дувум ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ қисса кард.
Овозхон мегӯяд, аз марги писари калониаш Диёрбек қариб се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол барои ҷигарбандаш месӯзад. “Вақт ҳам кӯмак намекардааст. Диёрбек ҳамеша дар дили мо, дар забони мо, дар ёди мост. Чӣ қадар сол гузарад ҳам, ин захм кӯҳна намешавад ва ҷои ӯро ҳеҷ кас намегирад.

Лекин тавлиди тифли нав ба оилаи мо шодӣ овард. Номашро Салоҳиддин гузоштем. Ба акаҳояш бисёр монанд аст. Ҳис мекунам, ки Диёрбек дубора ба дунё омад”,-нақл мекунад Дилноза Каримова. Овозхон бо шавҳари дувумаш хушбахт буда, хушдоманашро ба ҷои модари раҳматиаш медонад. “Хушдоманам маслиҳатгари бе миннати ман ҳастанд. Модарвор гоҳе ҷангу гоҳе насиҳат ва гоҳи дигар дӯстдорӣ мекунанд. Бароям мисли модари худам ҳастанд”,-мегӯяд овозхон. Ёдовар мешавем, ки фарзанди калонии овозхон Диёрбек шаби 31-уми декабри 2017 дар синни 6-солагӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон аз бемории саратон даргузашта буд.

Дилноза пас аз як ҳафтаи марги ҷигарбандаш, 7-уми январи соли 2018 модараш Матлуба Розиқоваи 61-соларо низ аз даст дод.подробнее тдж: https://oila.tj/news/dilnoza-karimova-baroi-farzandam-to-ol-meszam


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.