расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои боркаш муваққатан баста шуд

. / Ҷомеа

Роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои боркаш муваққатан баста шуд

Барои дигар навъи воситаҳои нақлиёт роҳ кушода аст.

Сурат: маркази матбуоти IRS
Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор (присепдор) ва фураҳо (мошинҳои боркаши бузургҳаҷм) муваққтан боздошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS.
“Бо сабаби боридани барфи зиёд дар ағбаҳои кӯҳӣ, раҳбарияти филиали ширкати IRS тасмим гирифт, ки ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳоро муваққатан манъ кунад. Дигар навъи нақлиёт метавонанд бо ин роҳ озодона равуо кунанд”, - гуфт сухангӯи ширкат Далер Мерганов.
Ӯ ҳамчунин ба ронандагон тавсия дод, ки бе омодагии ҷиддӣ ва бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбар ба роҳ набароянд.
“Аз ронандагон дархост мекунем, ки бидуни тайёрии бояду шояд ба сафар набароянд, то ки дар роҳ на ба худу на ба дигарон мушкил эҷод насозанд”, - изҳор дошт номбурда.

Шаби гузашта корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи душвор шудани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари боришоти зиёди барф хабар дода, лекин баъди чанде маълумот нашр шуд, ки мушкилот бартараф шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон дархост намуд, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намуда, дар остонаи вуруди сардиҳо, бахусус ҳангоми дарёфти хабари барфу борон дар кӯҳҳо ҳаракати безарурати худро маҳдуд кунанд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, шаби 19 ноябр ба 20 ноябр пастшавии ҳарорат пешгӯӣ шуда, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 5-100 хунук, дар вилояти Суғд то 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-170 хунук шуда, рӯзҳои 19-21 ноябр дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Инчунин ширкати IRS  бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки  дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барф дар назар аст. 
“Аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард шуда, дар водиҳо борон ва он ба барфи тар бадал мешавад, дар баъзе минтақаҳои  доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад. Дамои ҳаво рӯзона дар водиҳо то 6 ° С сард хоҳад буд”, - омадааст дар хабари сомонаи ширкат.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.