расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Зариф гуфт, Байден бо "се фармон" метавонад, гиреҳи созиши ҳастаии Эронро ҳал кунад

. / Ҷаҳон

Зариф гуфт, Байден бо "се фармон" метавонад, гиреҳи созиши ҳастаии Эронро ҳал кунад

Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон

Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф гуфт, агар ИМА дар зери раҳбарии президенти мунтахаб Ҷо Байден таҳримҳои сангини зидди Ҷумҳурии Исломиро барҳам диҳад, Теҳрон омода хоҳад буд ба иҷрои шартҳои созиши соли 2015 бо қудратҳои ҳастаӣ баргардад.
Зариф рӯзи 17-уми ноябр ба як расонаи давлатии Эрон мусоҳиба дод ва гуфт, ки Теҳрон ба созиш пойбанд аст. Ӯ афзуд: “Оқои Байден агар раисиҷумҳури Амрико шуд ва нишаст дар Кохи Сафед, бо се фармон метавонад ин ҳамаро лағв кунад. Агар накард, яъне нахост”.
Моҳҳои охир Эрон тадриҷан ӯҳдадориҳои худро бар асоси созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ коҳиш дод ва ин вокуниши Теҳрон ба он буд, ки соли 2018 президент Доналд Трамп гуфт, кишвараш аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун мешавад. Илова ба ин, Трамп таҳримҳои дар давраи президентии Барак Обама сабукшудаи иқтисодӣ дар нисбати Эронро дубора ба шакли сангинтар барқарор кард. Байден, ки соли 2015 муовини президенти ИМА буд, дар маъракаи пешазинтихоботиаш гуфт, агар Эрон ба иҷрои ваъдаҳояш баргардад, омодааст созиш бо Эронро баррасӣ кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.