Тоқаев ба хотири сафар ба Душанбеву Бишкек мехоҳад зудтар савганд ёд кунад

Тоқаев ба хотири сафар ба Душанбеву Бишкек мехоҳад зудтар савганд ёд кунад

 Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон рӯзи 10-уми июн гуфт, агар Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои раъйдиҳиро эълом кунад, маросими савгандёдкунии президент 12-уми июн баргузор хоҳад шуд.

"Маросими савгандёкуниро тасмим дорем, 12-уми июн баргузор кунем, агар Комисияи интихоботӣ то он замон натиҷаҳои расмии раъйдиҳиро эълом кунад",-навиштанд расонаҳо аз қавли Тоқаев.

Тоқаев афзудааст, ба ин далел 12-уми июнро интихоб кардааст, ки 14-уми июн дар Қирғизистон нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шангхай баргузор мешавад. "14-уми июн ман бояд ба Бишкек ва баъдан ба Душанбе равам. Ва беҳтар аст, ки дар ин нишастҳо президенти Қазоқистон аз салоҳиятҳои комил бархӯрдор бошад",-гуфт Қосимҷомарт Тоқаев.

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон мегӯяд, натиҷаҳои аввалияи шумориши баргаҳои раъй нишон доданд, ки Тоқаев 70,76 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст.

Интихоботи президентии Қазоқистон рӯзи 9-уми июн баргузор шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон