Тоқаев дар интихоботи Қазоқистон 70%-и овозҳоро соҳиб шудааст

 Тоқаев дар интихоботи Қазоқистон 70%-и овозҳоро соҳиб шудааст

 Дар Қазоқистон натиҷаи назарпурсии расмии интихобкунандагонро эълом карданд. Тибқи назарсанҷии ду маркази ҷомеашиносии Қазоқистон, номзади ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи президентии 9-уми июн тақрибан 70%-и овозҳоро ба даст овардааст.

Дания Еспаева, нахустин зани номзад ба мақоми президентии Қазоқистон ва вакили порлумони ин кишвар аз Ҳизби "Оқ жол" 5 дарсади раъйи мардуми кишварашро соҳиб шудааст. Номзадҳои дигар аз як то чаҳор дарсадӣ овоз гирифтаанд.

Ба огаҳии Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар 77 дарсади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй иштирок кардаанд.

Маъракаи раъйдиҳии 9-уми июн дар таърихи навини Қазоқистон чаҳорумин интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ аст. Дар 30 сол бори нахуст аст, ки интихоботи президентии ин кишвар бе ҳузури Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад.

Дар рӯзи интихобот дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва Чимкенти Қазоқистон тазоҳурот баргузор шуда, эътирозгарон сокинонро ба таҳрими интихобот даъват карданд. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, рӯзи интихобот дар ду шаҳри бузурги ин кишвар ҳудуди 500 кас боздошт шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон