Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Рӯҳониро ба Душанбе даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Рӯҳониро ба Душанбе даъват кард

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳониро ба Душанбе даъват кардааст

Ба гузориши ВУХ Тоҷикистон, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ 15 июн ба Душанбе хоҳад омад.

"Дар Панҷумин машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли 2019 дар Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои минтақа баргузор мегардад, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ иштирок хоҳад кард",-омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки дар доираи баргузории Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 1 июни соли 2019 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид ва ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният”-ро ба имзо расониданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20190604/1029075825/Emomal-Ramon-asan-Roniro-ba-Dushanbe-davat-kard.html

назари худро нависед
Если у вас на работе или дома заблокирован доступ к этому или любому другому сайту
Используйте тор браузер он обходит все возможные блокировки провайдеров.
https://tor-browser-vpn.ru/
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон