расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Шерхон Салимзода баъди барканорӣ: акнун омӯзгорӣ мекунам

. / Сиёсат

Шерхон Салимзода баъди барканорӣ: акнун омӯзгорӣ мекунам

Генерал Шерхон Салимзода рӯзи 18-уми ноябр аз вазифаи директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барканор шуд ва дар аввалин вокунинаш гуфт, заҳмати панҷсолааш ин буд, ки қочоқи маводи мухаддир “аз масири шимол” бамаротиб коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд ҳолатҳои интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ ҳанӯз ҳам расонаӣ мешавад.
Шерхон Салимзода рӯзи 18-уми ноябр баъди содир шудани фармони барканориаш гуфт, давоми панҷ соли роҳбариаш дар Оҷонсӣ тавонист интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон бамаротиб коҳиш ёбад.
Ба гуфтаи Салимзода, агар панҷ сол пеш 750 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо маводи мухаддир дар хориҷи кишвар боздошт шуда бошанд, ин рақам дар соли гузашта то 308 нафар ё 2,5 маротиба кам шуд. Ҳамин тавр ба гуфтаи ин мақоми ҳамакнун собиқи оҷонсӣ, миқдори маводи мухаддири мусодирашуда аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ низ аз 1,4 тонна то 166 килограм кам шудааст.
Санҷишу тасдиқи мустақилонаи арқоме, ки Салимзода зикр мекунад, имкон надорад. Дар гузашта дар бораи кашфу мусодира ва сӯхтани маводи мухаддир хабарҳо зиёд нашр мешуд, аммо солҳои охир чунин ҳолатҳо камтар расонаӣ мешавад.
“Қочоқи маводи мухаддир аз воситаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳан автомобил ва ҳавопаймо қариб ки нест. Танҳо як ҳолат аз автомобили шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон дар соли гузашта ва имсол дар Узбекистон аз як вагоне, ки аз Тоҷикистон баромада буд. Ин албатта хело кам шудааст. Мо ҳаракат дорем инро ҳам барҳам занем,”- гуфт Шерхон Салимзода.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад ва яке аз роҳҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар марзи Тоҷикистону Афғонистон задухурди қочоқчиён бо сарҳадбонони тоҷик сар мезанад, ки дар гузашта қурбониҳое доштааст.
Шерхон Салимзода, ҳамакнун директори собиқи Оҷонсии назорати маводи нашъаовар гуфт, даҳ соли ахир қочоқи маводи мухаддир аз тариқи “масири шимол”, ки Тоҷикистон ҳам ба он шомил мешавад даҳ дарсад кам шуд. Ба гуфтаи Шерхон Салимзода, агар соли 2008 даҳ дарсади ҳероини ҷаҳон аз тариқи “масири шимол” интиқол меёфт, ҳоло он то як дарсад кам шудааст. Натиҷаи ин корро Шерхон Салимзода дар сахтар шудани мубориза бо қочоқчиён ва гуруҳҳои муташаккил дар дохили кишвар медонад.
"Мо тавонистем стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро амалӣ кунем. Аллакай дар ҳисоботи раёсати СММ самти шимол, яъне масири шимоли интиқоли маводи нашъадор мусбӣ арзёбӣ гардидааст,”-афзуд Салимзода.
Салимзодаи 64-сола мегӯяд, қарори имрӯза корномаи тӯлонии ӯ дар сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистонро натиҷагирӣ мекунад: ӯ дар гузашта дар мақомҳои додситони шаҳри Душанбе, муовин ва баъдан додситони кулли Тоҷикистон кор кардааст, Шерхон Салимзода раҳбари аввали Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон буд.
Ӯ мегӯяд, аз давраи гузаштааш ва ҳам дар мақоми раиси ниҳоди зидди қочоқи маводи мухаддир қаноатманд аст. Салимзода гуфт, аллакай корҳояшро ба раҳбари нави оҷонсӣ Ҳабибулло Воҳидов супурдааст. Дар бораи нақшаҳои баъдии кораш гуфт, фаъолияти омӯзгориашро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистонро идома хоҳад дод.
Шерхон Салимзода дар ҳоле аз муваффақияти Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир суҳбат мекунад, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои интиқоли он ба хориҷи бахусус ба Русия ба чашм мерасад. Аз ҷумла чанд рӯз пеш марзбонони Узбекистон аз дохили қатораи Тоҷикистон беш аз 172 килограм маводи мухаддир пайдо карданд.
Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки охири солҳои 1990 бо ёрии СММ ташкил шуд, муқобила бо нашъаро дар сарҳадҳои Афғонистон яке аз василаҳои муҳими мубориза бо терроризми байналмилалӣ унвон кардааст. Ин ниҳод барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз кишвар ва созмонҳои хориҷӣ маблағҳои зиёде дарёфт мекунад.
Бо ин ки қочоқи маводи мухаддир коҳиш ёфтааст, худи мақомот аз афзоиши ҳодисаҳои қочоқи маводи сунъии мухаддир, ё ҳабҳои экстази ба Тоҷикистон аз Аврупо изҳори нигаронӣ мекунанд. Соли 2019, ба иттилои Оҷонсии назорати маводи нашъаовар, шаш ҳазор дона экстази ошкор ва мусодира шудааст. Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки ҳабҳои экстази ба Тоҷикистон аз кишварҳои мисли минтақаи Назди Балтика ворид мешаванд.
Мутахассисон мегӯянд, ки ҳабҳои экстази бештар дар шароити марказҳои дилхушии пӯшидаву дар миёни ҷавонони бисёр сарватманд ва ё фарзандони афроди дорову мақомдор дар гардиш аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.