Тоҷикистон 80 зиндонии афғонро ба ватанашон бармегардонад

Тоҷикистон 80 зиндонии афғонро ба ватанашон бармегардонад

 Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки 80 зиндонии афғонро барои адои ҳукм ба кишварашон мефиристад.

Дар баёнияи расмии вазорат аз рӯзи 16-уми майи имсол омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зимни мулоқот бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар Душанбе суҳбат кардааст.

Дар баёния омадааст, Салоҳиддин Раббонӣ, зимни сипосгузорӣ “аз ҳимоят ва кӯмакҳои давлат ва мардуми Тоҷикистон ин кишварро дӯсту бародари Афғонистон хонд ва хоҳони интиқоли 80 тан аз зиндониёни афғон ба Афғонистон шуд.”

Ба гуфтаи вазорат, дар муқобил Эмомалӣ Раҳмон “итминон дод, ки 80 зиндонии афғон ба зудӣ ба Афғонистон интиқол дода хоҳанд шуд.”

Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ дар мулоқоти ду тараф ин масъала баррасӣ шуд ва “сари интиқоли маҳбусони афғон ба ватанашон маслиҳат шудааст.”

Бино ба иттиллои Сафорати Афғонистон дар Душанбе, феълан беш аз 90 маҳбуси афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки умдатан барои қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунӣ, боздошт ва маҳкум шудаанд.

Тафсилот ба зудӣ нашр мешавад

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон