Раҳмон ба муовини дабири СММ аз фаъолшавии ДОИШ дар шимоли Афғонистон гуфт

Раҳмон ба муовини дабири СММ аз фаъолшавии ДОИШ дар шимоли Афғонистон гуфт

 Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва муовини дабири кулли СММ масъалаҳои амниятӣ ва омилҳои ба суботи минтақа таъсиррасонро баррасӣ карданд

Дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронковро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президени Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот маҷмуъи масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тавсеаву таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо СММ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои амниятӣ ва омилҳои ба суботи минтақа таъсиррасон, аз қабили терроризму маблағгузории он, ҷинояткории муташаккил ва шакли нав гирифтани фаъолияти гуруҳҳои террористиро муҳокима карда, таъкид доштанд, ки барои аз байн бурдани онҳо талошҳои муштарак ва пурзур кардани ниҳодҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир талаб карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон чиро дар бустонсарой бо Салоҳуддин Раббонӣ баррасӣ кард?

Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва экстремизмро маҳкум карда, ҷонибдори амалисозии ҳар чи зудтари “Нақшаи муштараки татбиқи Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амалиёти Дабири кулли СММ оид ба огоҳсозии экстремизми зуровар” мебошад.

Ҷонибҳо барои муқовимат бо вабои аср, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ, аз қабили ДОИШ дар қисми шимолии Афғонистон андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.



Read more: https://sputnik-tj.com/defense_safety/20190516/1028919587/Rahmon-ba-muovin-dabir-SMM-az-faolshavi-DOISh-dar-shimol-Afgoniston-guft.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон