ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА КОРМАНДИ ГУМРУК ШАҲБОЗ РАҶАБЗОДА: КАНӢ, ГАП ЗАН, ЧАНД ХОНАВУ МОШИН ДОРӢ?

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА КОРМАНДИ ГУМРУК ШАҲБОЗ РАҶАБЗОДА: КАНӢ, ГАП ЗАН, ЧАНД ХОНАВУ МОШИН ДОРӢ?

 

 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар ҷараёни мулоқоташ бо мақомоти бонку молия ва гумруку андоз як корманди гумрук бо номи Шаҳбоз Раҷабзодаро ба пеши микрофон даъват карда, дар бораи чанд мошину хона доштанаш сахт бозпурсӣ кард. Маълум буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аъмоли ин корманди гумрук аз пеш маълумоти кофӣ ҷамъ оварда буд ва дар ҳоле ки Шаҳбоз Раҷабзода даст пеши бар ва тарс дар чеҳрааш ба саволҳои президент посух медод, оқои Раҳмон чанд дафъа посухи нодуруст додани Раҷабзодаро ошкор кард ва ҳар дафъа ӯро ҳушдор медод, ки дурӯғ нагӯяд. Ҷараёни ин пурсуҷӯ тавассути телевизионҳои Тоҷикистон нашр шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон