Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар “Корвони наврӯзӣ”-и Душанбе

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар “Корвони наврӯзӣ”-и Душанбе

 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қабл аз оғози чорабинӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” ва ҳамаи ҳозирини майдонро бо ҷашни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфт.

 

“Тибқи маълумоти таърихӣ гузаштагони мо дар яке аз рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо номи “Корвони наврӯзӣ” маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд, то ки тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад. Таваҷҷуҳ ба ҳикмату муҳтавои ин суннати наврӯзӣ як ҷанбаи хеле муҳимми он, яъне ойини пурра мардумӣ будани онро бори дигар собит месозад ва дар умум, Наврӯзро ҳамчун ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонпарварӣ ва созандагиву ободгарӣ муаррифӣ менамояд”, - таъкид дошт зимни суханронии табрикотиаш Сарвари давлат.

Бино ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ба маънии дигар, дар рӯзи таҷлили ин ҷашн одамони зиёд пиёдаву савора маҳаллаву гузарҳои шаҳрҳоро сайр мекарданд ва ба мардум аз омадани Наврӯз хушхабар мерасониданд.

 

 

Гуфта мешавад, Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190321/ishtiroki-emomal-ramon-dar-korvoni-navrz-i-dushanbe

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон