расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » БУНЁДИ БАЛАНДТАРИН НИРӮГОҲИ ОФТОБИИ ДУНЁ ДАР МУРҒОБИ ТОҶИКИСТОН

. / Иқтисодиёт

БУНЁДИ БАЛАНДТАРИН НИРӮГОҲИ ОФТОБИИ ДУНЁ ДАР МУРҒОБИ ТОҶИКИСТОН

Бо кумаки  USAID Central Asia (Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣсокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб соҳиби калонтарин неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 220 киловатт шудандДар баробари ин кӣ ин неругоҳ бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон аст, инчунин баландтарин неругоҳи офтобӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Лоиҳа ҳамчунин як неругоҳи гибридии захираи неруро бо зарфияти 180 киловатт-соат дар бар мегирад. Ба василаи ин неругоҳи офтобӣ беш аз6000 сокини ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии 3600 метр ба сар мебаранд, бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Душанбе, Тоҷикистон, 12 ноябри соли 2020 –Намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар тантанаи кушодашавии нерўгоҳи нави офтобӣ, бо иқтидори 220 киловатт дар Мурғоб, иштирок намуданд, ки он калонтарин дар Тоҷикистон ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад. Инчунин лоиҳа нерўгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерўро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад.
Нерўгоҳи офтобии нав натиҷаи бевоситаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Тоҷикистон,USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерўгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерўгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.
Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шудааст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 одам аз манбаҳои барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштанаш, дар бунбаст қарор доштанд. Нерўгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерўи барқ дар давоми рўз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.
USAID, ба Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи энергетикаи тоза, инчунин таъмини устувори барқтаъминкунии ҷамоатҳои дурдаст, зиёд намудани иқтидори ширкатҳои энергетикӣ, вобаста ба сохтмон ва идоракунии нерўгоҳои барқӣ дар асоси манбаҳои барқароршавандаи энергия кўмак мекунад.
Бо татбиқ намудани лоиҳаи таҷрибавии мазкур, USAID нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои миллӣ, ташкилотҳои донории байналмилалӣ ва бахши хусусӣ метавонанд дар якҷоягӣ масъалаи рушди ҳатто дуртарин ва дар бумбаст қарордоштаи нуқтаҳои дунёро ҳал намоянд.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти дар сомонаи:https://www.usaid.gov/tajikistanва дар бораи лоиҳаи USAID "Нерўи оянда”:https://www.usaid.gov/central-asia-regional/fact-sheets/power-future-fact-sheet.
Таҳиякунанда U.S. Embassy Dushanbe| 12 Ноябр, 2020

U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN


Бо кумаки USAID Central Asia сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб соҳиби калонтарин неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 220 киловатт шуданд. Дар баробари ин кӣ ин неругоҳ бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон аст, инчунин баландтарин неругоҳи офтобӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Лоиҳа ҳамчунин як неругоҳи гибридии захираи неруро бо зарфияти 180 киловатт-соат дар бар мегирад. Ба василаи ин неругоҳи офтобӣ беш аз 6000 сокини ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии 3600 метр ба сар мебаранд, бо барқ таъмин хоҳанд шуд
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.