ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАМА НАМУДИ САНҶИШИ СОҲИБКОРОНРО ТО СОЛИ 2021 МАНЪ КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 январ фармонеро имзо кард, ки тибқи он, то 1 январи соли 2021 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад. Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабр дар паёми солонааш ба парлумон эълон карда буд, ки ба хотири таъмини рушди соҳибкорӣ ва пешгирӣ аз санҷишҳои беҳудаву батакрор санҷиши фаъолияти соҳибкоронро барои ду сол манъ мекунад. Ӯ аз мақомот талаб кард, нисбати ҳар нафаре, ки ба умури тиҷорат дахолат мекунад, чораҷӯӣ кунанд.

Дар фармони раисиҷумҳур раисиҷумҳур "Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990” чунин омадааст:

«1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шавад.».

 

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар робита ба ин фармон шарҳи кӯтоҳеро нашр ва дар он зикр кард, ки фармони ахири Эмомалӣ Раҳмон бар асоси паёми солонаи ӯ қабул шудааст, ки президент манъ кардани санҷиши фаъолияти соҳибкоронро ваъда карда буд: "Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабр дар паёми солонааш гуфт, дар кишвар 300 рӯзи ислоҳот бо мақсади пуштибонии соҳибкорон ва беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ эълон мешавад. Ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амр дод, ки дар тӯли солҳои 2019-2020 ба санҷишҳои беҳудаи соҳибкорон роҳ надиҳанд ва нисбат ба онҳое, ки ба бизнес мудохила мекунанд, чораҷӯӣ шавад. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ҳамчунин аз иқтисоди кишоварзиву саноатӣ ба иқтисоди саноатӣ гузаштани Тоҷикистонро ҳадафи навбатии ҳукумат номид.

Эмомалӣ Раҳмон чандин бор дар суханрониҳояш аз мудохилаҳои беш аз ҳад ва такрору беҳудаи мақомот ба умури тиҷорат интиқод карда, зарурати вуҷуди қариб 30 идораи назоратӣ дар Тоҷикистонро зери суол гузошта буд.

Соҳибкорони тоҷик низ пайваста аз дахолатҳои беш аз ҳадди мақомот шикоят мекунанд ва мегӯянд, соҳибкорро дар Тоҷикистон амалан ба як гови ҷӯшоӣ табдил додаанд, ки ҳар мансабдори хурду калони шаҳодатномаи сурх дар даст аз вай ҳаққ ё "доля”-и худро тамаъ мекунад. Дар чунин вазъу шароит рушд кардани тиҷоратро дар кишвар соҳибкорон амре ношуданӣ меномиданд.

 

 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Банди 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шавад.».

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 январи соли 2019
№1181

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон