расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Хушқадам имсол медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро соҳиб шуд

. / Варзиш

Хушқадам имсол медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро соҳиб шуд

Ин паҳлавон варзида акнун ду медали биринҷӣ, як нуқра ва як тиллои мусобиқоти ҷаҳонро дорад

Хушқадам Хусравов дар маросими медалгирӣ
Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рӯзи охири сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Нови-Сади Сербистон медали биринҷии ин сабқатро дар вазни 62 кг ба даст овард.
Хушқадам дар даври аввал аз самбокори рус Александр Матайс бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Баъдан ӯ дар даври шонси дубора ё тасаллобахш бар Небоҷса Николиси сербиягӣ ғолиб омада, барои ҷойи севум Фарҳод Абжалиеви қирғизро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Имсол, ки қаҳрамонии самбои ҷаҳон зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ доир шуд аз Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор паҳлавон тавонистанд ба ин сабқатҳо бираванд, ки ҳамаи онҳо соҳиби медалҳои ин мусобиқот шуданд.
Комроншоҳ Устопириён мақоми сеюми вазни 90 кг, Акмаллидин Каримов медали нуқраи вазни 57 ва Самиъҷон Абдушукоров дар миёни ҷавонон медали биринҷиро ба даст овард.
Хушқадам Хусравов серҷоизатарин самбокори тоҷик аст, ки то кунун дастовардҳои такрорношудае дар таърихи самбои тоҷик дорад. Ӯ соли 2018 дар Руминя қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд, ки баъди Сайидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода сеюмин нафаре аз Тоҷикистон аст, ки ин унвонро ба даст овардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.