Президент гуфт: Кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд

Ҳукумати кишвар дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайкараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар шаҳраки «Шифобахш» ва дар байни бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи ин алломаи бузург, ки аз нав қомат рост карда истодааст,  ҷойгир намуд, ки он рамзи ҷовидонаи эътибори илми тибби тоҷик мебошад.  Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ  дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баён намуданд.

Дар ин робита Пешвои миллат  ба донишҷуёну омӯзгорон ва дигар иштирокдорони ин маросими тантанавӣ ва дар симои онҳо ба тамоми  намояндагони ин пешаи пурифтихор  иброз доштанд: «Ман борҳо таъкид кардаам, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад».

Сарвари давлат ҳамчунин   иброз намуданд, ки «Вобаста ба ин, кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд. Бовар дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар карда, сазовори ҳурмату эҳтироми умум мегарданд».

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон