Эмомалӣ Раҳмон: «То ҳанӯз иддае аз мардуми мусулмони мо ба ҳикматҳои аслии ислом ва рукнҳои он дуруст сарфаҳм нарафтаанд»

Эмомалӣ Раҳмон: «То ҳанӯз иддае аз мардуми мусулмони мо ба ҳикматҳои аслии ислом ва рукнҳои он дуруст сарфаҳм нарафтаанд»

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки имрӯз дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе доир гардид, зикр карданд, ки садақаи фитр, ки яке аз рукнҳои муҳимми моҳи шарифи Рамазон аст, тибқи манбаъҳои муътабари исломӣ, аз василаҳои муҳимми дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад. Зеро тибқи ояти 60-уми сураи Тавбаи Қуръони маҷид танҳо чунин одамон ба қабули ҳар гуна хайрот, аз ҷумла садақаи фитр ҳақ доранд.

Дар ин росто,  Сарвари давлат таъкид карданд, ки  садақаи фитр ва ҳар гуна хайротро ҷамъ карда, барои кумаки моддӣ ба ниёзмандон, таъмири хонаи шахсони камбизоату бесаробон ё харидории асбобу ашёи хона барои онҳо равона карда шавад. Шахсони серфарзанду камбизоат, ятимону маъюбон ва онҳое, ки нигоҳубину парастории чандин нафари ғайри қобили меҳнатро ба зимма доранд, набояд садақаву хайрот диҳанд.

Ҳамзамон Президенти мамлакат дар идомаи суханронии худ дар ҷамъи ҷомеаи кишвар ба масъалаи маросими ҳаҷ, ки баъди як моҳ оғоз мегардад, дахл намуда, бо таассуф изҳор доштанд, ки то ҳанӯз иддае аз мардуми мусулмони мо ба ҳикматҳои аслии ислом ва рукнҳои он дуруст сарфаҳм нарафтаанд. «Чунонки борҳо гуфтаам, баъзе ҳамватанони мо зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд. Дар ҳоле ки метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд, — таъкид карданд Сарвари давлат ва афзуданд, ки баъзе шахсони олиҳиммату дурандеш то имрӯз, аллакай, чунин кардаанд, мактабҳо сохтанд, роҳи деҳаашонро таъмир карданд, маркази саломатӣ ва бунгоҳхои тиббӣ бунёд намуданд ва тасаввур кунед, ки чӣ қадар савоби бузург гирифтанд. Дуои хайри ин амалашон садсолаҳо ба худашон ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди сарашон, инчунин, ба арвоҳи падару модарашон мерасад».

Пешвои миллат дар идомаи суханронӣ ба масъалаи рӯзадорӣ дахл карда, таъкид намуданд, ки баъзе шаҳрвандон рӯзаро нишонаи аслии имон дониста, шахсони бемор ва дигар одамонеро, ки имкон надоранд, ба рӯза гирифтан маҷбур мекунанд. Ин гуноҳи азим ҳам бар тани худ ва ҳам бар ҷони дигарон аст. Муъмин набояд худро барои рӯза ба ҳалокат расонад. Зеро Худованд дар ояти 286 сураи Бақара мизони адлро чунин муқаррар кардааст: «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад. «Яъне ба бемору бемадору нотавон, зани ҳомила ё тифли ширхорадошта ва шахсоне, ки шароит надоранд ё бо кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд, гирифтани рӯзаро ҳатмӣ кардан, ба онҳо таъна задан ё онҳоро номусулмон гуфтан, ҳаргиз нишонаи ақл ва адл нест. Ва ё барои адои ҳаҷ рафтани касе, ки имкони молӣ ва шароити дурусти зиндагӣ надорад, аз ҳикмати адои маносики ҳаҷ берун аст. Ин амалҳо низ ҷабр бар ҷон ва имони мардуми мусулмонанд. Ба ин маънӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ мефармояд:

Дар роҳи Худо ду каъба омад ҳосил,

Як каъбаи сурату як каъбаи дил.

То битвонӣ, зиёрати дилҳо кун,

К-афзун зи ҳазор каъба омад як дил.

Ба андешаи Пешвои миллат, асл ва ҳикмати ислом аз иҷрои ин рукнҳо, қабл аз ҳама, ташаккули инсони солеҳ ва хирадманд аст, ки ба қадри неъматҳо расида, дасти мададашро ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз менамояд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон