Сарвари давлат: «Иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд»

Сарвари давлат: «Иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд»

 

Дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид карданд.

Сарвари давлат бо ишора ба таърихи башарият тазаккур доданд, ки танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия намудаанд.

Дар иртибот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки то имрӯз дар ин самт корҳои зиёди сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавию тарбиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти худшиносии милливу динии мардуми мо мушкилоту камбудиҳо ҳанӯз хеле зиёданд. Ин норасоиҳо на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ, балки танҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа — аз оила то коргоҳ — бартараф карда мешаванд.

«Иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзу ояндаи он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат, на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад», — афзуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

«Ислоҳи вазъи маънавӣ ва иҷтимоие, ки бо сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии якдигар ва саодату оромии рӯҳ вобастагии бевосита дорад, танҳо дар як моҳи рамазон маҳдуд нашуда, дар ҳаёти мо бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад, — хотирнишон намуданд Пешвои миллат. — Зеро караму раҳмати Худованд беҳадду ҳамарӯз аст ва муъмин бояд аз он пайваста ғизо гирад».

Ҳамчунин дар идомаи суханронии худ Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумимидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад. Чунки яке аз воситаҳои муҳимтарини ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ рушди маънавӣ ва озодиҳои эътиқодии халқ аст, ки аз решаҳои таърихии афкори инсондӯстонаи ниёгон ва ҷаҳонбинии пешрафтаи башарӣ ғизо гирифта, истиқлолияти фикрӣ ва эътиқодиро таъмин менамояд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон