Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем»

 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем»

 

«Ҳоло шаҳрвандони мамлакатамон ба шарофати Истиқлолият ва бо истифода аз муҳити сулҳу суботи комил ҳамаи фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд ва хуб медонанд, ки арзишҳои инсонпарваронаву сулҳхоҳонаи исломӣ ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо – тоҷикон мебошанд», — зикр намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бинобар ин, фарзандони бонангу номуси миллат ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоянд.

«Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем. Мо вазифадорем, ки мушкилоти кишварамонро худамон бо заҳмати дастҷамъона бартараф созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро пешрафтаву нерӯманд гардонем.  Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд. Яъне ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расонидани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад», — тазаккур доданд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идома Президенти мамлакат чунин иброз доштанд: «Фаромӯш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад. Таъкид месозам, ки миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаву ободи Ватани маҳбубамон аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд».

Дар робита Пешвои миллат таъкид намуданд, ки хусусан, Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҳамаи ходимони дин дар моҳи шарифи Рамазон ва моҳу рӯзҳои дигар низ ба мардум талқин намоянд, ки дар баробари пос доштани арзишҳои динӣ озодӣ ва сулҳу оромӣ неъмати бебаҳои зиндагист, муҳаббат ба Ватан шарти имондорист ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибдавлатӣ низ аз ҷумлаи воҷибот мебошад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон