Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки «хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиши газ дар ду кони ангишти вилояти Балуҷистони боиси андӯҳи амиқи мо гардид».

«Дар робита ба ин фоҷеаи ҳузнангез тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», - қайд мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки бар асари фурӯравии ду кони ангишт дар вилояти Балуҷистон ин кишвар дастикам 18 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар коргарони кон ҷароҳат бардоштанд. Ҳамасола дар Покистон дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор аз 100 то 200 нафар ангиштканон ба ҳалокат мерасанд.