расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » "Равшан" ва "Хатлон" дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар Ҳисор бозӣ мекунанд

. / Варзиш

"Равшан" ва "Хатлон" дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар Ҳисор бозӣ мекунанд


Бозигарони дастаи "Равшан"-и Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол бо иштироки ду дастаи вилояти Хатлон - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар рӯзи якшанбе, 18-уми октябрдар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавадБозии ҳалкунандаки соати 14:00 оғоз меёбадбе ҳузури тамошогарон доир мегардад.
Дар арафаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020, рӯзи ҷумъаи 16 –уми октябр, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор шуд. Сармураббиёни дастаҳо дар бораи интизориҳои худ аз ин бозии ҳалкунанда нақл карданд.
Аслиддин Хабибуллоев, сармураббии дастаи “Хатлон:
- Охирин бор мо дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 17 сол қабл бозӣ карда будем, вақте ки соли 2003 дастаи “Олимп-Ансол”-ро аз Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 шикаст додем. Имсол формат ё шакли баргузории Ҷоми миллӣ тағйир ёфт ва роҳи мо ба финал осон набуд. Ман ҳаяҷони бачаҳоямонро пинҳон намекунам, зеро барои бисёриҳо ин аввалин финал дар карйераи онҳост. Бозигарон хоҳиши зиёд доранд, ки дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми миллӣ бомуваффақият бозӣ кунанд. Мо ҳарифи худро эҳтиром мекунем. "Равшан" ҳаққи соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ карданро ба даст овард, даста бисёр бозигарони ботаҷриба дорад. Бозии ниҳоӣ пуршиддат сурат хоҳад гирифт ва дастаи қавӣ ғолиб мешавад. Умедворам, ки мо метавонем Ҷоми фахриро ба даст орем.
Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии дастаи Равшан:
- Имсол дар назди мо танҳо як вазифа - ба даст овардани роҳхат ба лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда гузошта шуда буд. Мо аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа баромадем. Дар мавриди Ҷоми кишвар бошад, роҳ ба финал душвор буд. Бачаҳо хуб мефаҳманд, ки танҳо як қадам мондааст, қадами душвортарин. Ҳамаи футболбозон бесаброна интизор ҳастанд, то ба майдон ворид шаванд ва барои пирӯзӣ мубориза баранд. Боварӣ дорам, ки дар охири мавсим мо метавонем Ҷомро болои сари худ баланд бардорем.
Ёдовар мешавем, “Равшан” барои ба финал роҳ пайдо кардан бар тимҳои «Ҳулбук»-и Восеъ (3:2), «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ (3:2), «Истиқлол»-и Душанбе (4:2) ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (1:0) ғолиб омад.
«Хатлон» бошад, барои ба финал баромадан бар дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ (2:1), «Эсхата»-и Хуҷанд (1:0) ва «Истаравшан»-и Истаравшан (2:0) пирӯз шуд.
Қаблан «Равшан» (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба - соли 1994 – ғолиб шудааст. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Шодмон»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
«Хатлон» дар таърихи худ (пештар даста «Вахш» ном дошт) чаҳор маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо карда, ду бор – солҳои 1997 ва 2003 – баранда шудааст.
Бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд. Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила аз як бозӣ иборат аст.
Агар замони асосии бозии ниҳоӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, онгоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегардад. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, онгоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ маълум хоҳад кард.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Финал
18-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00
«РАВШАН» (КӮЛОБ) - «ХАТЛОН» (БОХТАР)
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)
ҲисорВарзишгоҳи марказӣ
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 28-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (ҳозира «Хатлон»-и Бохтар), “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992  2019):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (ҶабборРасулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (БобоҷонҒафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.