ИЗҲОРИ ҲАМДАРДИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як барқияи таслият ба президенти Ӯзбекистон ба Шавкат Мирзиёев ва мардуми Ӯзбекистон дар робита ба ҳалокати 52 муҳоҷири ӯзбек дар роҳи бозгашт аз Русия изҳори ҳамдардӣ кард. Субҳи 18 бар асари сӯхтор як автобуси мусофирбар дар Қазоқистон 52 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расида, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи таслияте, ки ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фиристод, аз ҳалокати 52 муҳоҷири ӯзбек изҳори андӯҳ карда, навиштааст, ки мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми кишвари ҳамсоя изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Дар ин барқияи таслият аз ҷумла гуфта мешавад: 
«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Хабари оташ гирифтани автобуси мусофирбарро дар вилояти Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муҷиби ҳалокати 52 нафар гардид, бо андӯҳи гарон дарёфтам.

Аз Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович хоҳиш менамоям, ки изҳори тасаллият ва ҳамдардии моро аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба осебдидагони ин фоҷиа расонед».

Субҳи 18 январ бар асари сӯхтор дар як автобуси мусофирбар дар вилояти Оқмолаи Қазоқистон 52 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд. 5 нафари дигар дар ин фоҷиа захмӣ шудаанд. Қурбониён муҳоҷирони ӯзбек буданд, ки аз Русия ба Ватан бармегаштанд. Ин автобус, бино ба хабарҳо, аз шаҳри Маскав ба роҳ баромадааст.

Ин сӯхтори пурқурбонӣ соати даҳуними субҳи 18 январ дар километри 1068-уми шоҳроҳи Самара – Шимкент дар ҳудуди ноҳияи Иргизи вилояти Оқмолаи Қазоқистон рух додааст. Руслан Имонқулов, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфт, автобуси тамғаи "Икарус” дар тақрибан 10-километрии шаҳраки Қалибой ҳангоми ҳаракат ба коми оташ рафтааст.

Дар толори автобус дар лаҳзаи сӯхтор 55 мусофир ва ду ронанда ҳаракат мекарданд. Имонқулов гуфт: "Ба 5 мусофир муяссар шудааст, ки худро аз автобус берун андозанд. Ҳоло ба онҳо ёрии тиббӣ расонда мешаванд. 52 нафари боқимонда дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд.”

Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола дар маҳалли сӯхтор як ситоди фаврӣ таъсис дода, табибону равоншиносонро барои кумак ҷалб кардааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки онҳо бо сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ва кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар дар тамос шудаанд: "Ба мо хабар доданд, ки дар ин автобус шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд.”

Ҳалокати 52 муҳоҷири ӯзбек дар роҳи бозгашт аз Русия пурқурбонитарин садамаи нақлиётист, ки муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дучор шудаанд.

 


назари худро нависед
Мы всегда делали так, за спасибо

-------

перейти по ссылке
Подскажу что к чему. Пишите в Л.С

-------


win 7 активатор
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон