ОҒОЗИ МАВСИМИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ-2018 БО 3 ФАРМОН, 8 ҚАРОР ВА 5 АМР

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 январ бо барканории ду судяи суди ноҳияи Ёвон барои қонуншиканӣ, табдили раиси ноҳияи Варзоб, таъйини Қудрат Давлатзода ба раҳбарии "Тоҷикстандарт", дар маҷмӯъ бо 3 фармону 5 амр ва 8 қарори ҳукумат ба мавсими "Тағйироти кадрӣ-2018” оғоз гузошт.

 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 январ як силсила тағйироти нави кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Орзу Абдуллозода ва судяи суди ин ноҳия Иброҳим Қурбонзода бо сабаби "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” ва раиси ноҳзияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” барканор шуданд.

Ба ҷои Назирзода раисиҷумҳур Шерализода Муҳаммадулло Умаррро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъйин кардааст. Шерализода то кунун Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна буд. Савзаалӣ Назирзода бо амри президент сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳираисиҷумҳур таъйин шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи 10 январ бо қарорҳои ҳукумат Давлатзода Қудрат Қамбар аз мақоми ректори Донишкадаи молия ва иқтисод озод карда шуда, Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Бо қарор ҳукумат дар айни замон Олимзода Миралӣ Назрӣ аз мақоми муовини аввали директори ин агентӣ озода карда шудааст.

Ба ҷои Олимзода бо қарори ҳукумат Пирназарзода Диловар Маҳмадназар муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва ба ҷои Давлатзода, ки роҳбари "Тоҷикстандарт” шуд, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардид.

Қудрат Давлатзода зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буда, ҳамагӣ баъди 10 моҳи кор дар мақоми ректори Донишкадаи молия ва иқтисод ба мақоми баландтар гузашт. Агентие, ки ӯ роҳбарӣ хоҳад кард, масъулияти назорати воридоти маҳсулот ба бозорҳои Тоҷикистонро бар ӯҳда мегирад.

Ӯ ҳамчунин бояд обрӯи "Тоҷикстандарт”-ро, ки ахиран мавриди танқиди сахти президент қарор гирифт, барқарор кунад.

Қарори маълум, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябр дар як ҷаласаи ҳукумат ниҳодҳои давлатии назоратиро ба бемасъулиятӣ айбдор кард ва гуфт, бепарвоии онҳо боиси ба бозори Тоҷикистон ворид шудани гӯшти пастсифат шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа ба Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумрук расман танбеҳ дод. Ҳамчунин, "бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, аз қабили гушти мурғ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров Шералӣ Сафаралиевич ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифа озод карда шуданд.”

Ба дунбол, дар поёни моҳи декабр бо қарори ҳукумат дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, ки тобеи вазорати кишоварзӣ буданд, як Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

Ҳамин тавр, рӯзи 10 январ бо қарори ҳукумат, Абдуллозода Шамсулло Файзулло "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуда, ба ин мақом Мирализода Рустам Азиз таъйин шуд.

Ҳамчунин бо амрҳои президент аз 10 январ, Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи Президент озод ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ҳамин тавр, бо амри президент бо сабаби ба нафақа баромаданашон Ҳокимзода Исматулло Ҳоким аз вазифаи Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи президент ва Маҳмадализода Алимурод аз вазифаи сардори идораи хоҷагии Дастгоҳ озод карда шуданд.

Ин нахустин мавҷи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар соли нави 2018 мебошад. Маъмулан ҳар сол дар пешорӯи ҷаласаи ҷамъбасти солонаи ҳукумат дар мақомоти давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода мешавад. Ҷаласаи имсолаи ҷамъбастии ҳукумат, қарор аст, 18 январ доир шавад.

Мавсими тағйироти кадрии ҳарсола дар ҳукумати Тоҷикистонро дар матбуот бо номи "Дилзанак” ном мебаранд.

 

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
Қурбонзода Иброҳим Мирхон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018
№981

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб
озод намудани Савзаали Назирзода

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Савзаали Назирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018
№982

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Варзоб таъин намудани
Шерализода М.У.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шерализода Муҳамадулло Умар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018
№983

 

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №4
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Директори
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва
нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Олимзода М.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Олимзода Миралӣ Назрӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №5
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Ректори
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
озод намудани Давлатзода Қ.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Қудрат Қамбар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №6
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори иҷроияи Гурӯҳи
татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои
миёна озод намудани Шерализода М.У.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шерализода Муҳамадулло Умар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №7
ш. Душанбе

Дар бораи Директори Агентии стандартизатсия,
метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода Қ.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Қудрат Қамбар Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №8
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Директори Агентии
стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти
савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Пирназарзода Д.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Пирназарзода Диловар Маҳмадназар муовини якуми Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №9
ш. Душанбе

Дар бораи Ректори Донишкадаи
молия ва иқтисоди Тоҷикистон
таъин намудани Хайрзода Ш.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №10
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи намояндаи ваколатдор
дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории
муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави
давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
озод намудани Абдуллозода Ш.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдуллозода Шамсулло Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 январи соли 2018 №11
ш. Душанбе

Дар бораи намояндаи ваколатдор
дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории
муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар
қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
таъин намудани Мирализода Р.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирализода Рустам Азиз намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Исмоилзода Ёқуб Борон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018

№АП-988

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Савзаали Назирзода сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018
№АП-987

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Исмоилзода Ёқуб Борон муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018
№АП-989

Ҳокимзода Исматулло Ҳоким бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018
№АП-990

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҳмадализода Алимурод бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 январи соли 2018
№АП-991

назари худро нависед
Кто искал активатор? - вот на

-------


активатор скачать
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон