расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » МАВЛУДА РАФИЕВАРО ТАҲТИ ТАДБИРҲОИ ШАДИДИ БЕҲДОШТӢ БА ХОК СУПУРДАНД (10 АКС)

. / Ҳаводис

МАВЛУДА РАФИЕВАРО ТАҲТИ ТАДБИРҲОИ ШАДИДИ БЕҲДОШТӢ БА ХОК СУПУРДАНД (10 АКС)



14/10/2020
Мавлуда Рафиева, хабарнигори "Азия Плюс”-ро рӯзи 14 октябр дар оромгоҳи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) таҳти тадбирҳои шадиди беҳдоштӣ ба хок супурдаанд. Дар аксҳое, ки Радиои Озодӣ нашр кард, дида мешавад, ки турбати Мавлуда Рафиеваро бо мошини махсус овардаанд ва ӯро нафарони либоси махсуси муҳофизатӣ дар тан ба хок месупоранд.
Мавлуда Рафиева рӯзи 13 октябр дар бемористони вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд, ки барои гирифторони бемориҳои коронавирус ва "илтиҳоби шуш” махсус гардонида шудааст, аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Мавлуда Рафиева аз аввали моҳи октябр аз нафастангӣ ранҷ мекашид ва чун табобат дар шароити хона кумакаш накард, рӯзи 9 октябр дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карда шуд, вале табибон натавонистанд ӯро аз чанги аҷал наҷот диҳанд.
Агар умр вафояш мекард, моҳи декабр Мавлуда ба синни 57 мерасид. Аз ӯ чор фарзанд ятим монд. Ду фарзанди ӯ дар Русия қарор доштанд ва субҳи 14 октябр ба маросими дафни модарашон расида, омаданд.
Мавлуда Рафиева моҳи декабри соли 1963 дар шаҳраки Адрасмон таваллуд шуда, дар Ҳисор ба воя расидааст. Ӯ аз соли 2005 барои "Азия Плюс” аз Хуҷанд гузориш медод ва ҳамчунин роҳбарии созмони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)-ро дар вилояти Суғд ба дӯш дошт.
Мавлуда Рафиева бо ҷасорати журналистиаш фарқ мекард ва яке аз аввалинҳо буд, ки дар бораи расидани мавҷи дуюми коронавирус ба шимоли Тоҷикистон бонги изтироб мезад. Мавлуда Рафиева вақтҳои охир хеле талош кард, то хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз маҳбас халос кунад, вале муваффақ нашуд.
Равонат шод ва маконат Ҷаннат бод, Мавлудаи азиз!


АКСҲО АЗ РАДИОИ ОЗОДӢ:








Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.