ПУТИН РАҲБАРИИ СНГ-РО БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕСУПОРАД (ВИДЕО)

ПУТИН РАҲБАРИИ СНГ-РО БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕСУПОРАД (ВИДЕО)

Аз 1 январи соли 2018 раёсати СНГ – Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро Тоҷикистон ба дӯш мегирад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шоми 26 декабр дар нишасти ғайрирасмии сарони СНГ дар Ново-Огарёво бо эълони ин хабар ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми раёсати ин созмони кишварҳои пасошӯравӣ орзуи муваффақият кард.

 

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин шоми 26 декабр дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СНГ - Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ки кишварҳои Шӯравии собиқро муттаҳид мекунад, аз як соли раёсати Русия бар ин созмон натиҷагирӣ кард ва хабар дод, ки аз 1 январ раёсати СНГ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад.

Дар нишасти ғайрирасмии сарони СНГ дар қароргоҳи раисиҷумҳури Русия дар Ново-Огарёво дар канори Маскав президентҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Узбекистон Илҳом Алиев, Серж Саргсян, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев, Сооронбой Жээнбеков, Игор Додон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд. Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳарчанд ба Маскав омад, вале дар ин нишасти ғайрирасмӣ ширкат надошт. Мақомоти Украина чанд сол боз дар нишастҳои СНГ иштирок намекунанд.

Владимир Путин дар оғози суханрониаш гуфт: "Ҳамкорони азиз. Русия аз 1 январ мақоми раёсати СНГ-ро ба Тоҷикистон месупорад. Мехоҳам ба Эмомалӣ Шарипович ва тамоми дӯстони тоҷики мо орзуи муваффақият кунам.”

Путин сипас ба натиҷагирии як соли раёсати Русия бар СНГ пардозт ва гуфт, талошҳои Маскав дар ин мақом ба рушди ҳамгироӣ дар паҳнои АвроОсиё, таҳкими обрӯи байналмилалии СНГ ва таъмини фаъолияти муассири ниҳодҳои иҷроияи ин созмон равона шуда буд. Путин аз байн бардоштани мониаҳо дар роҳи ҳамлу нақли маҳсулот, сода кардани тартиботи гумрукиро аз масоили асосии мавриди таваҷҷӯҳи Русия дар мақоми раиси давраии СНГ номид ва гуфт, ин талошҳо натиҷаи мусбат доданд: "Дар 10 моҳи соли 2017 ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳои СНГ 25,7 дарсад афзуда, ба тақрибан 117 миллиард доллар баробар шуд. Барои муқоиса, дар тӯли тамоми соли 2016 гардиши мол байни кишварҳои СНГ ҳамагӣ 94 миллиард доллар буд.”

Владимир Путин тақкими ҳамкории кишварҳои пасошӯравӣ дар масоили мубориза бо терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддирро низ таъкид кард ва аз ҷумла ёдовар шуд, ки моҳи май дар Тоҷикистон машқҳои густардаи СНГ таҳти унвони "Душанбе – Антитеррор – 2017”баргузор шуд.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Ново-Огарёво гуфт, дар мақоми раиси давраии СНГ тамоми кӯшишаро барои таҳкими ҳамкориҳои низомиву техникии байни кишварҳо ва таҳкими амнияти марзҳои берунаи ин созмон равона хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соли 2017 ҷаҳон дучори ҳаводиси нигаронкунандае, пеш аз ҳама афзоиши терроризму ифротгароӣ шуд. Ӯ вазъи Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак дорад, бахусус нигаронкунанда номид ва гуфт: "Дар Афғонистон, аз ҷумла дар шимоли он кишвар фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави ба мо маълум тақият меёбад. Дар ин робита масъалаи интиқоли нирӯҳои гурӯҳҳои террористӣ низ мууҳим боқӣ мемонад. Таҳдиди вижа дар он аст, ки дар ҳайъати ин гурӯҳҳо зодагони кишварҳои СНГ ҳам ҳастандю Бар изофа, ҳаҷми тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон меафзояд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, маъмурияти чандинсолаи НАТО дар Афғонистон натиҷаи дилхоҳ дода натавонист. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки соли оянда барои Афғонистон боз ба далели интихоботи парлумониву президентиаш ҳассостар хоҳад шуд. Ӯ ба ин далел, тамаркузи СНГ ба таҳкими ҳамкориҳои низомӣ ва ба мубориза бо терроризму тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро муҳим номид.

 

Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (СНГ) дар поёни соли 1991, дар пайи фурӯпошии СССР ташкил шуда, дар оғоз 12 кишвари пасошӯравиро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекард. Вале мунтақидон мегӯянд, СНГ натавонист дар ин 26 сол худро ҳамчун созмони муассир нишон бидиҳад ва бештар ба як клуби президентҳои худкома шабоҳат дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон