Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қабл аз зуҳри 26-уми декабр барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Маскав сафар кард. Ин нишаст имрӯз, 26-уми декабр дар пойтахти Русия баргузор мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. То ба ҳол маълум нест, ки дар ин сафар мулоқоти ҷудогонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сарони дигар кишварҳо дар назар гирифта шудааст ё на.

Аз ин қабл хабаргузории русии "Regnum" бо такя ба манобеи худ дар Кремл хабар дод, ки қарор аст дар ин нишаст Владимир Путин, раиси ҷумҳури он кишвар ва президентҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат кунанд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, дар ин ҳамоиш дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои узв дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод ва амният мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Чанд рӯз қабл раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфта буд, ки ин кишварҳоро амалҳои терростӣ таҳдид мекунад.

Дар ҳоли ҳозир раҳбарии давраии ин иттиҳод ба ӯҳдаи Русия аст ва дар соли 2018 раёсатии ИДМ ба ӯҳдаи Тоҷикистон гузошта мешавад ва нишасти расмии саронки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи декабри соли 1991 пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуд. Бештари будҷаи ин созмон аз сӯи Русия пардохт мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон