ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ ТОРМОЗҲОИ АСОСӢ ДАР РОҲИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

Идораҳои давлатиро аз афроди тасодуфиву порахӯр тоза кунед!

Соли 2018 нахустин чархаи нирӯгоҳи Роғун ба кор медарояд.

Бонкҳо ба як мониаи асосӣ дар роҳи рушди Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Ба тафтиши рӯзафзуни фаъолияти соҳибкорон мораторий барои ду сол мораторий эълон шавад – чунин буд чанд нуктаи асосии паёми имсолаи президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ва мардум.

 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабр дар паёми солонааш ба парлумон ва мардум аз фаъолияти ҳукуматаш дар як соли гузашта ҳисобот дода, нақшаҳои ҳукумат барои ояндаро эълон кард.

Як бахши аъзами суханронии Эмомалӣ Раҳмон иборат аз нигарониҳои ӯ аз вазъи пешомада дар атроф ва дохили Тоҷикистон буд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тағйир ёфтан ва торафт васеътар шудани ҷуғрофиёи нооромиҳо Тоҷикистонро низ нигарон мекунад. Ӯ дар айни замон умедвори беҳбуди равобит байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ шуд ва гуфт, Тоҷикистон талош мекунад равобиташро ҳам бо Чину Русия ва ҳам бо Ғарб вусъат бидиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон изшори нигаронӣ кард ва гуфт, чунин қонуншиканиҳо бавижа аз сӯи кормандони вазоратҳои маориф, шуғли азолӣ, Кумитаи андоз, кумитаи замин, кумитаи ҷавонон ва дар мақомоти интизомӣ, бахусус дар додгоҳҳо зиёд ба чашм мехӯранд. Ӯ гуфт, дар умум дар муқоиса бо соли 2016 шумораи ҷиноятҳои коррпсионӣ дар байни кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ 25 дарсад афзудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита хостори тоза кардани сафи кормандони идораҳои дафлатӣ аз афроди тасодуфӣ ва фасодшуда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон низоми номукаммали қарзиву молиявӣ ва бонкиро як мониаи асосӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон номид ва ба хотири эҷоди муҳити пуррақобат дар ин низом хостори аз 80 миллион сомонии феълӣ то 50 миллион сомонӣ пойин овардани сатҳи сармояи ҳаддиақал барои таъсиси бонкҳои нав шуд. Ӯ ҳамчунин бо зикри натиҷаҳои мусбати барномаи як сол пеши 3,8-миллиардсомонии кумак ба бонкҳои бӯҳронзада аз ҳукумат хост, то нақшаи таҷдиди "Агроинвестбонк” ва "Тоҷиксодиротбонк”-ро таҳия кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз тафтишҳои рӯзафзуни фаъолиятҳои соҳибкорон низ изҳори ташвиш кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир 78 идораи мухталиф ҳаққи тафтиши фаъолияти соҳибкоронро доранд. Ӯ гуфт, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ ҳар як ширкат ба ҳисоби миёна дастикам 5 маротиба мавриди тафтишу санҷиш қарор гирифтааст. Президенти Тоҷикистон чунин тафтишҳои беш аз ҳадро як мониаи дигар дар роҳи рушди иқтисод номид ва бо мақсади аз байни бурдани тафтишу санҷишҳои беасос ва такрорӣ ва эҷоди фазои мусоиди соҳибкорӣ хостори эълони ду сол мораторий ба тафтиши фаъолияти соҳибкорон шуд. Дар ин муддат танҳо ба тафтишҳои нақшавӣ аз ҷониби мақомоти андоз, додситонӣ, Агентии мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ иҷозат дода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш аз ҳалокати як кӯдак дар ноҳияи Восеъ бар асари истеъмоли ҳасиби бесифат ёдоварӣ кард ва пурсид, ки ҷавоби марги он кӯдакро кӣ медиҳад? Ӯ аз воридоти маҳсулоти пастсифат аз хориҷ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бо вуҷуди 5000 корманди идораҳои мухталифи назоратӣ онҳо натавонистанд пеши роҳи ворид кардани чунин маҳсулоти барои саломатии мардум хатарнокро бигиранд: "Имрӯз худашон тариқи телевизион нишон додаистодаанд, ки дар ин амбор маҳсулоти пастсифат пайдо шуд. Ки инро иҷоза дод, ки ба кишвар ворид шавад? Вақте, ки маълумотҳо дастрас шуданд, баъдан корҳои санҷишӣ фаъолона мисли мавсимӣ оғоз шуда, ҳама ин масъаларо қапиданд, гӯё нав бедор шуда, ин масъаларо диданд. Онҳоро кӣ иҷоза дод? Худи онҳо!”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон дар се соли оянда билохира ба истиқлолияти энергетикӣ даст хоҳад ёфт. Ӯ сохтмони нирӯгоҳи Роғунро дар ин амр фавқулодда муҳим номид ва гуфт, нахустин чархаи Роғун алакай дар соли 2018 ба кор медарояд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имсол барои сохтани нирӯгоҳи Роғун 4,7 миллиард сомонӣ масраф шуд ва соли оянда барои ин сохтмон 5 миллиард сомонӣ ҷудо мешавад.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар паёмаш пешниҳод кард, ки соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди турзим ва ҳунарҳои косибии мардумӣ эълон шавад.

 

Эмомалӣ Раҳмон 65 сол дошта, аз соли 1992, инак 25 сол боз раҳбари аввали Тоҷикистон аст. Ду сол пеш бо таҳияи як қонуни вижа ба Эмомалӣ Раҳмон унвони ифтихории "Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” дода шуд. Ин унвон ба ӯ ҳақ медиҳад, ки номзадии худро бидуни маҳдудият ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад ва ҳатто дар сурати рафтан аз ин мақом ҳам ҳарфи аввал дар таъйини сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро пеши худ нигоҳ бидорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон