Расонаҳо: Набераи Назарбоев аз як ниҳоди бритониёӣ 1,5 млн фунт талаб дорад

Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев.
Дариға Назарбоева бо падараш Нурсултон Назарбоев.

Нуралӣ Алиев, набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва "дигар ҷавобгарон" аз Оҷонсии миллии Бритониё дар умури мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамчун ҷуброни зарар 1,5 миллион фунт стерлинг (наздики 1,85 миллион доллар) талаб доранд.

Ин талаб бо пирӯзии Нуралӣ Алиев ва модараш Дариға Назарбоева дар додгоҳ рабт дорад. 8 апрели соли равон Додгоҳи олии Лондон "дастури ҳабси дороиҳои аз роҳи номаълум бадастомада"-ро содир кард. Дастури додгоҳ ҳабси се амволи ғайриманқулро дар шаҳри Лондон дар бар мегирифт, ки соҳибони ин амвол Алиев ва Назарбоева унвон мешаванд. 17 июн додгоҳи зинаи болои дастури ҳабсро бекор кард.

"Соҳибони амвол ва бунёде, ки ҳамчун ҷавобгар унвон мешавад, 1,5 миллион фунт ҷуброн талаб доранд", - менависад хабаргузории Reuters. "Ҳамаи арқому далели Оҷонсии миллии Бритониё дар умури мубориза аз тахмину гумон иборат аст", - гуфт намояндаи Алиев дар суҳбат бо хабаргузорӣ.

Нуралӣ Алиев - писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев аст. Роҳат Алиевро соли 2015 дар зиндони Австрия овехта дарёфтанд. Алиев бо гумони куштори ду бонкдори қазоқистонӣ боздошт шуда буд.

"Ҳабси дороиҳои манбаи даромадашон номаълум" - абзори наве дар қонунгузории Бритониё аст, ки соли 2018 ворид гардидааст. Ин абзор зидди пулшӯӣ равона шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бритониё бо ин роҳ талош доранд, ки шахсияти соҳибони аслии амволи дар ҳудуди ин кишвар ҷойгирбударо ошкор кунанд. Дар сурате, ки агар соҳибони аслии амвол манбаи даромади худро натавонанд, исбот кунанд, он амвол мусодира мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон